Барои ҳиссагузорӣ дар маъракаи пахтачинӣ аз ҳисоби собиқадорони меҳнат, фаъолзанон ва шахсони барӯманди Ҷамоати деҳоти Хистеварз бригадаи зарбдор ташкил карда шудааст.
Санаи 15 октябр 22 нафар пахтачинони шарафманди хистеварзӣ дар хоҷагии деҳқонии ба номи Тӯхтабой Ахмедов ба пахтачинӣ баромада, саҳми арзандаи худро гузоштанд.