Дар ноҳияи Бобоҷон  Ғафуров  беш  100 нафар ҷавонони синни  даъватӣ  -  ихтиёриёни олиҳиммат  ба хизмати ҳарбӣ гусел шуданд.

Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо садҳо ҷавонмардони бо ору номуси диёрамон дар партави Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар заминаи татбиқи  қарори Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода  дар ин бобат сафарбар шуда истодаанд.

Дар доираи маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин гурӯҳи ҷавонони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки синнашон ба хизмати ҳарбӣ расидааст, ботантана ба артиш сафарбар карда шуданд. Хизмати Модар-Ватан ин кафили тинҷиву оромӣ, сулҳу суботи кишвари азизамон  барои  ҷавонони бо нангу номус дар адои хизмати ҳарбӣ ифтихормандӣ мебошад.

Рӯзи шанбе,  7 апрел, маъракаи гусели аввалин гуруҳи беш аз 100 нафараи   наваскарон дар фазои мутантан баргузор шуд.  Ҷавонон  ба ин маърака  бо шиору навиштаҷоти ватандӯстона, парчамҳои рангоранг ва рӯҳияю эҳсоси баланди миҳанпарастӣ  ҷамъ омада буданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз820
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта720
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1540
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта4007
mod_vvisit_counterҲамин моҳ7066
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта15535
mod_vvisit_counterҲамагӣ183616