vtem newsroll

Мулоқот бо бартарафкунандагони Садамаи Черонбил

Баҳри таъмини иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 28.03.2019, №138 «Дар бораи гузаронидани Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Неругоҳи барқии ат...
vtem newsroll

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъияти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Санаи 19.04.2019 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии ноҳия баргузор гардид. Ба баррасии рӯзномаи Шӯрои ҷамъиятӣ масъалаҳои ...
vtem newsroll

Баргузории Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ

«Рушди деҳот – омили муҳими пешравии ҷомеа» - чунин ном дошт мавзӯи Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ, ки санаи 18 апрел дар ҷомеаҳои меҳнатӣ ва ҷамоатҳои ша...
vtem newsroll

Машварати кишоварзон дар Овчиқалъача

Санаи 17 апрел дар маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача машварати сайёри кишоварзон бо иштироки васеи масъулони соҳа ташкилу баргузор карда шуд. Да...

Бо мақсади татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» санаи 12 апрели соли равон «Корвони саломатӣ»-и шабакаи кӯмаки аввалияии тиббию санитарии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо гурӯҳи калони табибони ҳамаи ихтисосҳо ба деҳаи Кӯҳсори Ҷамоати деҳоти Чашмасор сафарбар шуданд.

Мавриди зикр аст, ки деҳаи мазкур аз маркази ноҳия дар дурии 85 км ҷойгир буда, дар 65 хоҷагӣ 420 нафар аҳолӣ истиқомат доранд. Сокинони деҳаи Кӯҳсор дар ин рӯз дар назди хонаи саломатии навтаъсис ҷамъ шуда, шодмонӣ доштанд, ки дар деҳа акнун нуқтаи саломатӣ ба фаъолият шурӯъ менамояд.

 

Гурӯҳи кории табибон бо сарварии сардухтури шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия Қосимова М.С. ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Халифаёр П.Н. аввал дар маъракаи расман ба истифода додани хонаи саломатӣ иштирок намуда, аз ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат ва иқдомҳои созандаи соҳибкорони маҳаллӣ дар рушди деҳот дар назди ҳозирин суханронӣ намуданд.  Қайд карда шуд, ки хонаи саломатӣ дар деҳаи мазкур бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Ахмедов Назар рӯи кор омадааст, ки қисме аз ҳавлии истиқоматии худро барои сохтмони хонаи саломатии деҳа ҷудо намуда, аз ҳисоби маблағҳои барои сафари навбатии Ҳаҷ ҷамъкардааш бинои сеҳуҷаргии хонаи саломатии деҳаро бунёд намудааст. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хонаи саломатии деҳаи мазкур бо лавозимоти аввалиндараҷаи тиббӣ таъмин карда шуда буд.

Бо буридани лентаи рамзӣ фаъолияти нуқтаи тиббӣ оғоз гардида, мутахассисони соҳаи тибби ноҳия ба қабули мизоҷон шурӯъ намуданд. Тамоми сокинони ҷамъомада аз хизматрасонии ройгони тиббӣ бархурдор гардида, кӯдакони деҳа хатна карда шуданд. Ба ғайр аз ин табибон ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и деҳа ташриф оварда, толибилмонро аз муоинаи тиббии ройгон гузарониданд, ба ҳавлиҳои истиқоматкунандагони бемору барҷомонда ташриф оварда, маслиҳату дорувориҳо ва варқаҳои санитарӣ тақсим намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

СИЁСАТ

Варзиш

Иқтисодиёт

Фарҳанг

Кишоварзӣ

Маориф

РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯ

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
Назирӣ Зариф Вализода Назирӣ Зариф Вализода Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Абдуллозода Фаррух Орифӣ Абдуллозода Фаррух Орифӣ Муовини якуми Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Комилӣ Мастура Мухторзода Комилӣ Мастура Мухторзода Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз220
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта188
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1682
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2808
mod_vvisit_counterҲамин моҳ10753
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта10412
mod_vvisit_counterҲамагӣ91991