vtem newsroll

Рӯзи ахбори сиёсӣ дар пахтазор

Баҳри таъмини иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ» санаи 17 октябри соли 2019 дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафуров д...
vtem newsroll

Ответ киргизским провокаторам: Бодканд наша таджикская земля

Ответ киргизским провокаторам: Бодканд наша таджикская земля В газете «Багыт.kg» и на сайте «Gezitter.org» опубликована провокационная статейка от 10...
vtem newsroll

Кыргызско-таджикская граница. Каждое действие рождает противодействие

Кыргызско-таджикская граница. Каждое действие рождает противодействие Регулярно кыргызские СМИ, в частности сайт  24.kg, провоцируют не только виртуа...
vtem newsroll

Пахтазор – майдони корзори пиру барно

Барои ҳиссагузорӣ дар маъракаи пахтачинӣ аз ҳисоби собиқадорони меҳнат, фаъолзанон ва шахсони барӯманди Ҷамоати деҳоти Хистеварз бригадаи зарбдор та...

Ҳамдиёрони азиз!

Имрӯзҳо мардуми ноҳия бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлоливу сулҳу ваҳдат, ки бо азму талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, фаъолияти софдилона зоҳир намуда, ҳадафи асосии худро дар ободониву шукуфоии кишвар, қавӣ гардонидани пояи сулҳи ҷовидона ва ҳалли муаммоҳои иқтисодиву иҷтимоӣ равона намуда истодаанд.

Дар ин рӯзҳои фараҳбахш, ки мутобиқ ба дастуру супоришоти Раиси вилоятамон муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода «Ҳафтаи поси хотир» эълон гардидааст, пеш аз ҳама барои мардонагиву диловарӣ ва каҳрамониҳои бемисл ҳамаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро бо 74-умин солгарди Ғалабаи бузург табрику муборакбод менамоям.

 

Дар таърихи тӯлонии ҳаёти башарият руйдодҳое ба вуқӯъ пайвастаанд, ки бузургӣ ва шаҳомати онҳо бо гузашти замон боз ҳам бештар мегарданд. Рӯзи Ғалаба бар фашизм, ки имрӯз дар миёни мардуми сулҳпарвар ва тараққихоҳи ҷаҳон бори 74-ум таҷлил мегардад, аз ҷумлаи ҳамин гуна руйдодҳои фаромӯшнопазир аст. Ин санаи таърихӣ дар қатори собиқадорони ҷанг ва одамони калонсол барои наслҳои имрӯза ҳам, гиромиву муқаддас аст, чунки он рамзи ватандӯстиву фидокорӣ ва шуҷоату матонати падарону бобоёни мост. Нӯҳуми май моҳиятан рӯзи шодиву нишот аст, ва ҳамчун санаи ёдбуди шахсоне, ки барои халқу Ватан ҷони худро нисор кардаанд, ҳамасола таҷлил карда мешавад. Мо имрӯз ба хотираи тамоми қурбониёни ҷанг сари таъзим фуруд меорем. Ёди онҳо ба хайр ва рӯҳашон шод бод!

Бо изҳори арзи сипосмандӣ ба ҳамаи онҳое, ки баҳри фардои дурахшони Ватан ҷонбозиҳо кардаанд ва дар ин радиф ҳамаи шахсоне, ки барояшон ин санаи таърихӣ азизу мӯътабар аст, бори дигар кулли мардуми ноҳияро самимона табрик намуда, тансиҳативу хонаободӣ, осмони софу сулҳи ҷовидонаро таманно менамоям.

Орзу дорам, ки падарону бобоёни қаҳрамони мо ба бахти халқу миллати саодатмандамон ҳамеша саломату сарбаланд умр ба сар баранд ва давлати пирии бегазанд насибашон бошад!

 

Ид муборак, ҳамдиёрони азиз! Раиси ноҳия                      Зариф Назирӣ

СИЁСАТ

Варзиш

Иқтисодиёт

Фарҳанг

Кишоварзӣ

Маориф

РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯ

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
Назирӣ Зариф Вализода Назирӣ Зариф Вализода Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Абдуллозода Фаррух Орифӣ Абдуллозода Фаррух Орифӣ Муовини якуми Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Комилӣ Мастура Мухторзода Комилӣ Мастура Мухторзода Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия
Турсунзода Дилором Турсунзода Дилором Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз83
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта420
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта2705
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта3135
mod_vvisit_counterҲамин моҳ8655
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта15058
mod_vvisit_counterҲамагӣ169670