vtem newsroll

ВАРШАВА ОБСЕ 17.09.2019 / Суханронии навбатии Зариф Ализода дар конфронси САҲА дар Варшава

Шумо метавонед ин наворро аз ин манбаъ тамошо кунед:

https://youtu.be/dyxUB18bXbw

vtem newsroll

ВАРШАВА ОБСЕ 17.09.2019 / Суханронии Аминҷон Абдураҳимов дар конфронси САҲА дар Варшава

Шумо метавонед ин наворро аз сомонаи YouTube тамошо кунед: https://youtu.be/hwZrY4UCw10...
vtem newsroll

ВАРШАВА ОБСЕ 17.09.2019 / Суханронии намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи САҲА

Шумо метавонед ин наворро аз ин манбаъ тамошо кунед:

https://youtu.be/fur3ofAHKME

vtem newsroll

ВАРШАВА ОБСЕ 17.09.2019 / Суханронии навбатии Зариф Ализода дар конфронси САҲА дар Варшава

Шумо метавонед наворро аз ин манбаъ тамошо кунед:

https://youtu.be/s2MYbnWt1d4

Бо мақсади амалӣ гардонидани нақшаи чорабиниҳои фаъолияти гурӯҳҳои тарғиботӣ, ки аз тарафи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода тасдиқ гардидааст, санаи 11 июни соли 2019 дар ҷамоатҳои Хистеварз, Зарзамин ва Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамъомадҳо ташкил карда шуданд. Тибқи талаботи ҷадвали тасдиқгардида мулоқоту вохӯриҳо бо иштироки гурӯҳҳои тарғиботи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор карда шуданд.

Мулоқоти аввалин дар чойхонаи деҳаи Соҳилоби Ҷамоати деҳоти Хистеварз бо иштироки 60 нафар сокинони деҳа ва иштироки намояндаи гурӯҳи тарғиботии вилояти Суғд Мӯсозода Ҳ. ва тарғиботчиёни ноҳиявӣ Халифаёр П. – мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия, Солиева М. – мудири шуъбаи иттилоот ва таҳлили кумиҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Ҷӯрабоева М. – муовини раиси Ҷамоати деҳоти Хистеварз баргузор карда шуд.

Аъзоёни гурӯҳи тарғиботӣ зимни суханронӣ оид ба масъалаҳои муҳимтарин нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои даврони Истиқлолият, татбиқи амалии эълон гардидани «Солҳои 2019-2021 – солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», вусъат бахшидани корҳои ободониву бунёдкорӣ ва сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияви ватандӯстӣ, даъват ба хизмати модар-Ватан, пешгирии ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон, ҳолатҳои бекоршавии ақди никоҳ, шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро, гурӯҳҳои экстремистию террористӣ суханронӣ намуда, мардумро ба ваҳдату ҳамбастагӣ ва шукргузорӣ аз давлати тинҷу обод даъват намуданд.

Мулоқоти навбатӣ бо зиёда аз 100 нафар сокинони Ҷамоати деҳоти Хистеварз дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54-и Ҷамоати деҳоти Хистеварз баргузор карда шуд, ки дар баробари аъзоёни гурӯҳи тарғиботии зикршуда шахсони зикршуда вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Муҳиддинова М., раиси Шӯрои занони Ҷамоати деҳоти Хистеварз Ҷӯраева М, раиси Шӯрои уламои дини ноҳия Ҳомидов А. иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чунин мулоқоту ҷамъомадҳо дар маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Зарзамин бо иштироки 100 нафар ва дар маҷлисгоҳи МТМУ №57-и Ҷамоати деҳоти Хистеварз бо иштироки 120 нафар ташкилу баргузор карда шуданд. Дар мулоқотҳои мазкур намояндаи гурӯҳи тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, тарғиботчиёни ноҳиявӣ Усмонов Д. – сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия, Ҳоҷибоева Ӯ. – сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оила, Тошбоев Д. – мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, Акбарзода М. – корманди кумиҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва раисони ҷамоатҳои Исфисор ва Зарзамин доири мавзӯҳои пешбинишуда суханронӣ намуданд.

СИЁСАТ

Варзиш

Иқтисодиёт

Фарҳанг

Кишоварзӣ

Маориф

РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯ

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
Назирӣ Зариф Вализода Назирӣ Зариф Вализода Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Абдуллозода Фаррух Орифӣ Абдуллозода Фаррух Орифӣ Муовини якуми Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Комилӣ Мастура Мухторзода Комилӣ Мастура Мухторзода Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия
Турсунзода Дилором Турсунзода Дилором Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз90
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта453
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1477
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2650
mod_vvisit_counterҲамин моҳ7603
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта12945
mod_vvisit_counterҲамагӣ153560