vtem newsroll

Маҳфили «Адибони ваҳдатсаро»

Ба истиқболи 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дар  асоси нақшаи чорабиниҳои Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вило...
vtem newsroll

Корвони модарони ваҳдатсаро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

vtem newsroll

Ситоди корӣ оид ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 18.06.2019 дар маҷлисгоҳи калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати роҳбари гурӯҳи короии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хо...
vtem newsroll

Мулоқоту вохӯриҳо идома доранд.

Бо мақсади амалӣ гардонидани нақшаи чорабиниҳои фаъолияти гурӯҳҳои тарғиботӣ, ки аз тарафи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода тасдиқ гар...

Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми феврали соли 2019, №АП 1165, Қарори Раиси вилояти Суғд аз 10-уми майи соли 2019, №225 ва қарори Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 28-уми майи соли 2019, №306, санаи 12-уми июни соли равон, соати 10:00, дар толори бахши фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даври ноҳивии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» баргузор гардид.

Дар озмуни мазкур намоянда аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сармутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Худойбердиева Р. мудир, сармутахассис ва дигар  кормандони масъули шӯъбаи маориф ва бахши фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок доштанд.

Сараввал мудири бахши фарҳанги ноҳия Қосимова Б. даври ноҳиявии озмуни мазкурро ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки озмуни мазкур таҳти сиёсати хирадмандони сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои ҳарчӣ бештар ҷалб намудани шаҳрвандон барои мутолиаи асарҳои бузургон  ташкил ва гузаронида шуда истодааст. Сабаби асосии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ном бурдани озмуни мазкур дар он аст, ки фурӯғи субҳи доноӣ, равшангари маъниҳо китоб мебошад. Банобар ин ҳарчи бештар мутолиа намудани китоб ба кас нерӯву қувваи бузург мебахшад. Бузургон ва педагогҳои машҳури олам китобро тарбиягари асосии инсоният ном мебурданд. Ин беҳуда нест, зеро китоб тафаккури инсонро васеъ гардонида, шахсро барои интихоби роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят менамояд. Дар ниҳоди шахс нерӯи бузургу, хусусиятҳои муайяни шахсӣ аз қабили назариёт ва эътиқодҳоро бедор менамояд. Китоб аст, ки мо аз қаҳрамониҳои қаҳрамононамон огоҳ мешавему барои ба чунин мартабаи аъло расидан кӯшиши худро равона месозем.

Дар асоси  банди 26-уми низомномаи тасдиқшудаи озмуни мазкур аъзои ҳакамон аз ҳисоби мудир ва кормандони шӯъбаи маорифи ноҳия, васоити ахбори умум, омӯзгорони ботаҷрибаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ташкил карда шуда буд. Дар озмун довталабон новобаста аз синну сол  ширкат варзиданд.

Дар озмуни мазкур довталабон аз ҳамаи гӯшаю канори ноҳияи овозадори Бобоҷон Ғафуров ширкат варзиданд. Шумораи онҳо  зиёда аз 300 нафарро ташкил медод. Озмун аз чор давр  иборат буда, аз моҳи феврали соли 2019 то моҳи ноябри соли 2019 идома меёбад. Дар асоси низомномаи даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ба довталабон рӯйхати адибон барои аз худ кардан ва хондан тавсия дода шуда буд. Довталабон аз рӯи чор номгӯ 1). Қироати осори адибони тоҷик  2). Хондани асарҳои назмӣ ва насрии адибони классик ва муосири тоҷик 3). Ашъори бачагона ва афсона  4). Қироат кардани осори адибони ҷаҳон баромад намуданд.

Яке аз довталабоне, ки ҳамаи иштирокчиёнро ба ваҷҳ овард, Шодиева Муҳаббат мебошад, ки синнашон ба 72 расидааст. Он кас ба синну соли нуронии худ нигоҳ накарда, имрӯз барои қувваозмоӣ омаданд. Он шеъру асарҳое, ки ин шахси мӯътабар қироат намуданд, хотири касро шод ва таваҷҷӯҳи ҳамаро барои бештар мутолиа намудани осори адибон зиёд намуд. Шахси номбурда дорои зиёда аз 50 адад китобҳои адабию бадеъӣ буда, яке аз аъзоёни фаъоли китобхонаҳои ноҳия мебошанд. Иштирокчиён бо як шавқу завқи беандоза шеъру ҳикояҳои ин зани нурониро, ки саропо пур аз илму дониш аст, гӯш карданд. Шодиева маълумоти олии касбӣ надорад, аммо аз навгониҳои илму дониш бехабар набуда, асарҳои гуногуни адибонро мутолиа  менамояд.

Ҳамин тариқ дар озмуни мазкур шаҳрвандон новобаста аз синну сол иштирок намуда, маънавиёти хешро бештару ғанитар гардониданд.

Дар охир ба ҳамаи ишитрокчиёни озмун тӯҳфаҳои Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуро
в

СИЁСАТ

Варзиш

Иқтисодиёт

Фарҳанг

Кишоварзӣ

Маориф

РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯ

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
Назирӣ Зариф Вализода Назирӣ Зариф Вализода Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Абдуллозода Фаррух Орифӣ Абдуллозода Фаррух Орифӣ Муовини якуми Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Комилӣ Мастура Мухторзода Комилӣ Мастура Мухторзода Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз227
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта300
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта227
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта3258
mod_vvisit_counterҲамин моҳ10439
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта9512
mod_vvisit_counterҲамагӣ113284