vtem newsroll

Оғози фаъолияти ярмаркаи фурӯши лавозимоти хониш ва либоси мактабӣ

Бо мақсади фароҳам овардани шароитҳои мусоиди таъминоти фарзандон бо либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш ҳамасола дар арафаи истиқболи соли нави таҳсил т...
vtem newsroll

Қарори Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

  аз 23.07.2019, №433 Дар бораи гузаронидани озмуни «Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти беҳтарин» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷик...
vtem newsroll

Табрики Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба муносибати иди Қурбон

Ҳамдиёрони азиз! Фарорасии иди саиди Қурбонро бароятон табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумоён саломатию сарбаландӣ ва хонадони обод таманно менамоям. ...
vtem newsroll

Таҷлили Рӯзи варзишгарон

Санаи 09.08.2019 дар толори Қасри фарҳанги маркази ноҳия чорабинии умуминоҳиявӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарон баргузор гардид.

Бо мақсади амалӣ гардонидани нақшаи чорабиниҳои фаъолияти гурӯҳҳои тарғиботӣ, ки аз тарафи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода тасдиқ гардидааст, санаи 12 июни соли 2019 дар ҷамоатҳои Ғафуров, Овчиқалъача ва Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамъомадҳо ташкил карда шуданд. Тибқи талаботи ҷадвали тасдиқгардида мулоқоту вохӯриҳо бо иштироки гурӯҳҳои тарғиботи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор карда шуданд.

Мулоқотҳои навбатӣ дар маҷлисгоҳи гимназияи №1-и Ҷамоати шаҳраки Ғафуров бо зиёда аз 100 нафар ва дар маҷлисгоҳи МТМУ №8-и Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача бо 200 нафар бо иштироки намояндагони гурӯҳи тарғиботии вилояти Суғд Раҳматзод А. – раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Бобоев А. – муовини раиси Шӯрои уламои дини вилоят ва тарғиботчиёни ноҳиявӣ Халифаёр П. – мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия, Ҳоҷибоева Ӯ. – сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оила, Тошбоев Д. – мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, нотариусони давлатӣ Охунӣ Б. ва Назирӣ З. баргузор карда шуд.

Аъзоёни гурӯҳи тарғиботӣ зимни суханронӣ оид ба масъалаҳои муҳимтарин нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои даврони Истиқлолият, татбиқи амалии эълон гардидани «Солҳои 2019-2021 – солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», вусъат бахшидани корҳои ободониву бунёдкорӣ ва сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияви ватандӯстӣ, даъват ба хизмати модар-Ватан, пешгирии ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон, ҳолатҳои бекоршавии ақди никоҳ, шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро, гурӯҳҳои экстремистию террористӣ суханронӣ намуда, мардумро ба ваҳдату ҳамбастагӣ ва шукргузорӣ аз давлати тинҷу обод даъват намуданд.

Чуин мулоқотҳо дар саҳни бинои Ҷамоати деҳоти Ёва бо зиёда аз 120 нафар ва деҳаи Осареғи Ҷамоати деҳоти Ёва бо иштироки 100 нафар ташкилу баргузор карда шуданд. Дар мулоқотҳои мазкур намояндаи гурӯҳи тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҷалилов А. Р., Атаева Ҳ., кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ва идораи нотариалӣ инчунин тарғиботчиёни ноҳиявӣ ва раисони ҷамоати деҳоти Ёва доири мавзӯҳои пешбинишуда суханронӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуро
в

СИЁСАТ

Варзиш

Иқтисодиёт

Фарҳанг

Кишоварзӣ

Маориф

РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯ

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
Назирӣ Зариф Вализода Назирӣ Зариф Вализода Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Абдуллозода Фаррух Орифӣ Абдуллозода Фаррух Орифӣ Муовини якуми Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Комилӣ Мастура Мухторзода Комилӣ Мастура Мухторзода Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз471
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта291
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта2974
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2397
mod_vvisit_counterҲамин моҳ7032
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта17002
mod_vvisit_counterҲамагӣ140044