vtem newsroll

ВАРШАВА ОБСЕ 17.09.2019 / Суханронии навбатии Зариф Ализода дар конфронси САҲА дар Варшава

Шумо метавонед ин наворро аз ин манбаъ тамошо кунед:

https://youtu.be/dyxUB18bXbw

vtem newsroll

ВАРШАВА ОБСЕ 17.09.2019 / Суханронии Аминҷон Абдураҳимов дар конфронси САҲА дар Варшава

Шумо метавонед ин наворро аз сомонаи YouTube тамошо кунед: https://youtu.be/hwZrY4UCw10...
vtem newsroll

ВАРШАВА ОБСЕ 17.09.2019 / Суханронии намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи САҲА

Шумо метавонед ин наворро аз ин манбаъ тамошо кунед:

https://youtu.be/fur3ofAHKME

vtem newsroll

ВАРШАВА ОБСЕ 17.09.2019 / Суханронии навбатии Зариф Ализода дар конфронси САҲА дар Варшава

Шумо метавонед наворро аз ин манбаъ тамошо кунед:

https://youtu.be/s2MYbnWt1d4

Рӯзи 12 июл дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдончаи варзишии “Сипар” мавриди истифода қарор гирифт, ки дар маросими ифтитоҳи он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбари гуруҳи корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии мамлакат Ориф Хоҷазода иштирок намуданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо сокинон ва варзишгарони ноҳия иброз дошт, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба таъмини оммавияти варзиш,  ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш ва муҳайё намудани имкониятҳои мусоиди инфрасохторию ташкилӣ барои варзишгарон тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Таъкид карда шуд, ки маҳз дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас ва барномаҳои соҳавии давлатӣ давоми нимсолаи аввали соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо маблағгузорӣ аз сарчашмаҳои гуногун 11 майдончаи варзишӣ ва 1 корти теннис сохта ба истифода дода шуд.

Майдончаи варзишии “Сипар” бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Ворисхӯҷа Сулаймонов бунёд гардида, барои бозии фурболи хурд мутобиқ гардонида шудааст.

Хотирнишон бояд кард, ки мувофиқи маълумоти оморӣ дар ноҳия 222 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 5 варзишгоҳ, 150 майдончаи варзишӣ, 61 толори варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ ва 4 иншооти махсуси варзишӣ аз қабили фитнес-клубҳо фаъолият доранд.

Дар нимсолаи аввали соли 2019 дар ноҳия 25 мусобиқаи гуногуни варзишӣ бо ҷалби 783 варзишгар (90 бонувон) гузаронида шуд. Дар натиҷа аз ҳисоби ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳо дастаи мунтахаби ноҳия дар ҳайати 114 варзишгар муайян гардид ва варзишгарони ноҳия дар 17 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ба гирифтани 28 медали тилло, 15 медали нуқра ва 30 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд.

СИЁСАТ

Варзиш

Иқтисодиёт

Фарҳанг

Кишоварзӣ

Маориф

РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯ

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
Назирӣ Зариф Вализода Назирӣ Зариф Вализода Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Абдуллозода Фаррух Орифӣ Абдуллозода Фаррух Орифӣ Муовини якуми Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Комилӣ Мастура Мухторзода Комилӣ Мастура Мухторзода Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия
Турсунзода Дилором Турсунзода Дилором Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз98
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта453
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1485
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2650
mod_vvisit_counterҲамин моҳ7611
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта12945
mod_vvisit_counterҲамагӣ153568