vtem newsroll

Оғози фаъолияти ярмаркаи фурӯши лавозимоти хониш ва либоси мактабӣ

Бо мақсади фароҳам овардани шароитҳои мусоиди таъминоти фарзандон бо либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш ҳамасола дар арафаи истиқболи соли нави таҳсил т...
vtem newsroll

Қарори Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

  аз 23.07.2019, №433 Дар бораи гузаронидани озмуни «Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти беҳтарин» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷик...
vtem newsroll

Табрики Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба муносибати иди Қурбон

Ҳамдиёрони азиз! Фарорасии иди саиди Қурбонро бароятон табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумоён саломатию сарбаландӣ ва хонадони обод таманно менамоям. ...
vtem newsroll

Таҷлили Рӯзи варзишгарон

Санаи 09.08.2019 дар толори Қасри фарҳанги маркази ноҳия чорабинии умуминоҳиявӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарон баргузор гардид.

Ҳамдиёрони азиз!

Фарорасии иди саиди Қурбонро бароятон табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумоён саломатию сарбаландӣ ва хонадони обод таманно менамоям.

 

 

Иди Қурбон аз ҷумлаи қадимтарин маросимҳои суннатии мусулмонон ба ҳисоб меравад. Дар тӯли асрҳо талқини арзишҳои инсонпарварӣ, дастгирии ятимону маъюбон, беморону пиронсолон, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу таборон ва хайру эҳсон намудан ба дармондагону ниёзмандон аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳои Иди Қурбон ба ҳисоб меравад.

Дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди кишвар муваффақ шуданд, ки идҳои суннатии ниёгонамон бо риояи анъанаҳои миллӣ таҷлил карда шаванд. Бо ташаббуси наҷиби Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар вилоят ва ноҳия корҳои созандагиву ободонӣ вусъат меёбанд. Ба шарофати Истиқлолият ҳазорҳо нафар мардуми кишварамон имконият пайдо намуданд, ки зиёрати Ҳаҷи фарзиро анҷом дода, дар ҳаққи мардуми тоҷик, Пешвои миллати тоҷикон ва хешу пайвандон дуои нек ба ҷо оранд.

Дар ин айёми шариф ҳар як фарди огоҳу бедордил ва бонангу номуси ҷомеа бояд амалҳои хайру савоб ва бо шукрона аз неъмати истиқлолу озодӣ, ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сарзамини аҷдодӣ ва ободиву шукуфоии Ватани азизамон саъю талош намояд.

Боварӣ дорам, ки аҳли намозгузорони диёр барои ободиву фаровонӣ ва ояндаи неки кишвари азизамон даст ба дуои нек мебардоранд.

Бо чунин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шумоёнро ба муносибати Иди Қурбон муборакбод намуда, бароятон хонаободӣ, тансиҳатӣ ва файзу баракоти рӯзгорро орзу менамоям.

Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!

 

Раиси  ноҳияи

Бобоҷон Ғафуров                              Зариф Назирӣ

СИЁСАТ

Варзиш

Иқтисодиёт

Фарҳанг

Кишоварзӣ

Маориф

РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯ

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
Назирӣ Зариф Вализода Назирӣ Зариф Вализода Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Абдуллозода Фаррух Орифӣ Абдуллозода Фаррух Орифӣ Муовини якуми Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Комилӣ Мастура Мухторзода Комилӣ Мастура Мухторзода Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз493
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта291
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта2996
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2397
mod_vvisit_counterҲамин моҳ7054
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта17002
mod_vvisit_counterҲамагӣ140066