vtem newsroll

Рӯзи ахбори сиёсӣ дар пахтазор

Баҳри таъмини иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ» санаи 17 октябри соли 2019 дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафуров д...
vtem newsroll

Ответ киргизским провокаторам: Бодканд наша таджикская земля

Ответ киргизским провокаторам: Бодканд наша таджикская земля В газете «Багыт.kg» и на сайте «Gezitter.org» опубликована провокационная статейка от 10...
vtem newsroll

Кыргызско-таджикская граница. Каждое действие рождает противодействие

Кыргызско-таджикская граница. Каждое действие рождает противодействие Регулярно кыргызские СМИ, в частности сайт  24.kg, провоцируют не только виртуа...
vtem newsroll

Пахтазор – майдони корзори пиру барно

Барои ҳиссагузорӣ дар маъракаи пахтачинӣ аз ҳисоби собиқадорони меҳнат, фаъолзанон ва шахсони барӯманди Ҷамоати деҳоти Хистеварз бригадаи зарбдор та...

7 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, бо рафти ҷамъоварии пахта ва қабули он аз ҷониби корхонаҳои коркарди пахта шинос гардид.

Раиси вилоят зимни боздид аз пахтазори ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев ва хоҷагии деҳқонии ба номи Шарифбой Юлдошев бо саҳмдорону чинакчиён суҳбат намуда, таъкид кард, ки саҳмдорон ва аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ бо истифода аз имконияту шароити муносиб бояд дар ҷамъоварии саривақтии ҳосили фаровони пахта кўшиши ҳамаҷониба ба харҷ диҳанд ва нагузоранд, ки маҳсули заҳматашон талаф ёбад.

Чуноне иттилоъ дода шуд, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 8400 гектар пахта кишт карда шудааст ва тибқи нақша бояд 18​ 200 тонна “тиллои сафед” истеҳсол карда шавад. Имрӯзҳо саҳмдорон дар якҷоягӣ бо ҳашарчиён ба ҷамъоварии ҳосил машғул буда, мувофиқи маълумоти фаврӣ 7326 тонна пахтаро ба хирман супоридаанд. Дар ноҳия ҳамарӯза бо шумули саҳмдорони хоҷагиҳо то 10 ҳазор нафар ба ҷамъоварии пахта сафарбар гардида истодаанд.

Раиси вилоят пас аз шиносоӣ бо ҷараёни ҷамъоварии пахта ба як қатор чинакчиёни беҳтарин туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда, изҳори боварӣ намуд, ки меҳтанкашони ноҳия нақшаи истеҳсолро барзиёд иҷро менамоянд.

Сипас, Раиси вилоят бо фаъолияти корхонаҳои коркарди пахтаи ҶДММ “Юсуф - саркор” ва ҶДММ “Зафариён”ошно гардида, ҷараёни қабули пахтаро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Ба иттилои масъулин дар ноҳия панҷ корхонаи коркарди пахта фаъолият дошта, корхонаҳо сари вақт пахтаро қабул намуда истодаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти корхонаҳо ҷиҳати қабулипурраи ашёи хом ва коркарди он тавсияҳо дода, таъкид кард, ки бояд ҳар килограми пахта бо нархи 5,5 сомонӣ харидорӣ карда шавад.

СИЁСАТ

Варзиш

Иқтисодиёт

Фарҳанг

Кишоварзӣ

Маориф

РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯ

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
Назирӣ Зариф Вализода Назирӣ Зариф Вализода Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Абдуллозода Фаррух Орифӣ Абдуллозода Фаррух Орифӣ Муовини якуми Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Комилӣ Мастура Мухторзода Комилӣ Мастура Мухторзода Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия
Турсунзода Дилором Турсунзода Дилором Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз101
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта420
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта2723
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта3135
mod_vvisit_counterҲамин моҳ8673
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта15058
mod_vvisit_counterҲамагӣ169688