vtem newsroll

Оғози фаъолияти ярмаркаи фурӯши лавозимоти хониш ва либоси мактабӣ

Бо мақсади фароҳам овардани шароитҳои мусоиди таъминоти фарзандон бо либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш ҳамасола дар арафаи истиқболи соли нави таҳсил т...
vtem newsroll

Қарори Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

  аз 23.07.2019, №433 Дар бораи гузаронидани озмуни «Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти беҳтарин» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷик...
vtem newsroll

Табрики Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба муносибати иди Қурбон

Ҳамдиёрони азиз! Фарорасии иди саиди Қурбонро бароятон табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумоён саломатию сарбаландӣ ва хонадони обод таманно менамоям. ...
vtem newsroll

Таҷлили Рӯзи варзишгарон

Санаи 09.08.2019 дар толори Қасри фарҳанги маркази ноҳия чорабинии умуминоҳиявӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарон баргузор гардид.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани нақшаи чорабиниҳои таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои тибии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корҳои таъмиру азнавсозӣ дар сатҳи зарурӣ ҷараён доранд.

Санаи 4 феврали соли 2019 баъди аз таъмири хушсифат бароварда шудани шуъбаи ҷарроҳии бачагонаи Беморхонаи марказии ноҳия маросими қабули корҳои таъмирӣ ва навсозиҳои шуъбаи мазкур бо иштироки роҳбарияти беморхона ва мутахассисони Раёсати тандурустии вилояти Суғд доир карда шуд.

Чуноне, ки мудири шўъбаи ҷарроҳии бачагонаи Беморхонаи марказии ноҳия Аббос Асадуллоев иттилоъ дод, шуъбаи мазкур аз моҳи августи соли 2000-ум ба фаъолият шурўъ намуда, дорои 22 кати бистарӣ мебошад. Барои корҳои таъмирӣ ва азнавсозӣ 333556 сомонӣ маблағ хароҷот карда шудааст.

Дар шуъба 4 нафар духтур, 7 нафар ҳамшираи тиб ва 8 нафар кормандони хурди тиб фаъолият менамоянд. Шуъба аз 8 ҳуҷра: ҳуҷраи духтурон, ошхона, ҷойи либосивазкунии кормандон, ҳуҷраи сарҳамшира, ҳуҷраи муоинаи беморон, инфиродхона, ҳуҷраи нигоҳдории хлор, ҳуҷраи мудири шуъба, ҳуҷраи захмбандии тоза ва фасодӣ, ҳаммом, ҳуҷраи хоҷагӣ, мабразхона иборат мебошад.

Амалиёти ҷарроҳӣ дар толори ҷарроҳии блоки ҷарроҳӣ гузаронида мешаванд, ки бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида шудааст. Ҳамасола дар шуъба зиёда аз 400 амалиёти ҷароҳии беморон бо ташхисҳои гуногун гузаронида мешаванд. Дар шуъба ҷарроҳии реконструктивӣ барои бемориҳои роҳи пешоб, тармимгузаронии пўст ба беморони сўхта, ҷароҳиҳои калонҳаҷм ба узвҳои ковокии шикам ва қафаси сина, ҷарроҳиҳо ба кўдакони дорои нуқсонҳои модарзодии узвҳои ҳозимадошта ва ғайра ба роҳ монда шудааст. Кормандони шуъба аз шароитҳои нави корӣ илҳоми тоза гирифта, тасмим гирифтаанд, ки намудҳои нави ҷарроҳиҳоро ҷорӣ намоянд.

 

Парвиз Халифаёр

СИЁСАТ

Варзиш

Иқтисодиёт

Фарҳанг

Кишоварзӣ

Маориф

РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯ

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
Назирӣ Зариф Вализода Назирӣ Зариф Вализода Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Абдуллозода Фаррух Орифӣ Абдуллозода Фаррух Орифӣ Муовини якуми Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Комилӣ Мастура Мухторзода Комилӣ Мастура Мухторзода Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз507
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта291
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта3010
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2397
mod_vvisit_counterҲамин моҳ7068
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта17002
mod_vvisit_counterҲамагӣ140080