vtem newsroll

Мулоқот бо бартарафкунандагони Садамаи Черонбил

Баҳри таъмини иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 28.03.2019, №138 «Дар бораи гузаронидани Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Неругоҳи барқии ат...
vtem newsroll

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъияти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Санаи 19.04.2019 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии ноҳия баргузор гардид. Ба баррасии рӯзномаи Шӯрои ҷамъиятӣ масъалаҳои ...
vtem newsroll

Баргузории Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ

«Рушди деҳот – омили муҳими пешравии ҷомеа» - чунин ном дошт мавзӯи Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ, ки санаи 18 апрел дар ҷомеаҳои меҳнатӣ ва ҷамоатҳои ша...
vtem newsroll

Машварати кишоварзон дар Овчиқалъача

Санаи 17 апрел дар маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача машварати сайёри кишоварзон бо иштироки васеи масъулони соҳа ташкилу баргузор карда шуд. Да...

Санаи 5 феврали соли 2019, тибқи нақшаи корӣ бобати тарғибу ташвиқ намудани нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маҳалҳо намояндагони  Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҷамоатҳои деҳоти Ҳ.Усмонов, Унҷӣ ва Ғозиён бо фаъолони ҷамоатҳои мазкур мулоқоту вохӯрӣ баргузор намуданд.

 

Аз ҷониби Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, сардори шуъбаи пешгирии Раёсати мазкур подполковники адлия Зарифӣ Дилшод Неъматзода ва аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сармутахассис-ҳуқуқшиноси дастгоҳи Раиси ноҳия Гулбекзода Гулбек дар чорабинии мазкур ширкат варзиданд.

Зарифӣ Дилшод Неъматзода доир ба корҳои созандагиву ободонӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, яъне сохтмон ва таъмири иншоотҳои иҷтимоӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»,  ба истифода додани агрегати якуми нерӯгоҳи «Роғун», пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, ҷинояткорӣ, фаъолияти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд, дастгирӣ ва фаъолтар намудани ҳамоҳангсозии фаъолияти аҳли ҷомеаи меҳнатии ҷамоатҳои деҳоти дар боло зикргардида суханронӣ намуда, ба саволҳои ҷамъомадагон ҷавобҳои мушаххас дод.

Инчунин аз ҷониби Гулбекзода Гулбек роҷеъ ба Паём доир ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия суханронӣ карда шуд.

Чунин вохӯриҳо қаблан дар ҷамоатҳои Ёва, Д.Холматов, Хистеварз, Исфисор, Зарзамин баргузор шуда буданд.

СИЁСАТ

Варзиш

Иқтисодиёт

Фарҳанг

Кишоварзӣ

Маориф

РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯ

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
Назирӣ Зариф Вализода Назирӣ Зариф Вализода Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Абдуллозода Фаррух Орифӣ Абдуллозода Фаррух Орифӣ Муовини якуми Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Комилӣ Мастура Мухторзода Комилӣ Мастура Мухторзода Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз241
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта188
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1703
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта2808
mod_vvisit_counterҲамин моҳ10774
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта10412
mod_vvisit_counterҲамагӣ92012