Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд

Субҳи 13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд

Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.