АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ СОҲА

Ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик Дилором Турсунзода, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, собиқадорони соҳаи матбуот, ифтихори аҳли диёри «Парвозгоҳи бузургон» рӯзноманигорони номвар: Усмонҷон Ғаффоров, Аюби Кенҷа, Мазбутҷон Воҳидовро аёдат намуда, номаи муборакбодии и.в Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Салимзода Нусратуллоро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик расонид.

 Гуфта шуд, ки қадршиносии собиқадорони соҳа дар меҳвари таваҷҷӯҳ қарор дошта, фаъолияти арзандаву ибратбахши онҳо мактаби бузурги омӯзиш ва парвариш ба насли ҷавон аст. Дар навбати худ, собиқадорон низ аз таваҷҷӯҳи пайвастаи давлату ҳукумат изҳори хушнудӣ намуда, миннатдории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту ноҳияи Бобоҷон Ғафуров расониданд.

Дафтари матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.