vtem newsroll

 Амалҳои аблаҳона дар Аврупо

Амалҳои аблаҳона дар Аврупо   Сафари Президенти Тоҷикистон дар Аврупо шуруъ идома дорад. Мувофиқи хабари васоити ахбори умум Сарвари давлат ба Швей...
vtem newsroll

Давлатҳои Аврупо ҳамчун шарики боэътимоди Тоҷикистон

Давлатҳои Аврупо ҳамчун шарики боэътимоди Тоҷикистон   Аз рӯи хабарҳои дастрасшуда сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Аврупо дар назар аст, ки б...
vtem newsroll

    Дипломатияи комёби тоҷик

Дипломатияи комёби тоҷик Фиристода бояд, ки доно бувад, Ба гуфтан далеру тавоно бувад.   Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон парварда...
vtem newsroll

Не все СМИ и журналисты одинаково полезны

Не все СМИ и журналисты одинаково полезны В СМИ различного рода организации такие как «Репортеры без границ», нередко обсуждают судьбы журнали...

Аъзои ТТЭ ҲНИ - Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз резахӯрони дастархони Кабирӣ аст, мақолаи навбатии иғвоангезонаеро зери унвони "Миллат бояд аз чанголи тими ҳукмрони худкамбин бираҳад" нашр кардааст, ки мисли одати пешина пур аз туҳмату буҳтон мебошад.

Албатта мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла масъалаи пур кардани буҷа дар ҳар кишваре мавҷуд аст. Аз он ҳангома сохтану мардумро ба гумроҳӣ бурдан амали нохалафону душманон мебошад. Имрӯз вазъияти иқтисодии Тоҷикистон хуб аст, ягон сабаби воҳима кардану мардумро ба таҳлука андохтанро мо намебинем. ҳукумати Тоҷикистон фаъолияти худро дар тамоми самтҳо, аз ҷумла пур кардани буҷа пеш мебарад. М.Садриддин ва ҳаммаслакони наҳзатиаш метавонанд дар ин хусус беташвиш бошанд. Беҳтараш дар ғами худ бошанд, зеро дастгирии хоҷаҳои хориҷиашон доимӣ нест ва дер ё зуд дастгир мешаванд ва барои ҷиноятҳои содир кардаашон бояд ҷавоб гӯянд. Вазъиятро дурусттар дарк кардан даркор аст. Яъне миллат дар вартаи нобудӣ нест (муаллифи наҳзатӣ чунин навиштааст), ин наҳзатиҳо дар вартаи нобудӣ қарор доранд.

Муаллифи мақола ҷор мезанад, ки гӯё фаъолони ҷомеа ва кадом тоҷирони муваффақе зиндонӣ шудаанд ва ё аз кишвар фирор кардаанд. Вале фаъолони ҷомеа гуфта киро дар назар дорад? Наҳзатиҳоро? Охир, агар наҳзатиҳо баъди тамоми авфу бахшиданҳо ва бархурдор будан аз имкониятҳои сиёсию иқтисодӣ ва моддии кишварамон боз даст ба ҷинояткорӣ ва ҳатто террору табаддулоти давлатӣ зананд, онҳоро зиндон накунанд? Наҳзатиҳое ки фирор кардаанд, танҳо ба хотири гурехтан аз ҷавобгарӣ дар назди қонун ба кишварҳои дигар гурехтаанд. Ягон нафари онҳо фаъоли ҷомеа набуд ва ғами мардумро ҳам намехӯрд. Мардум амалҳои бедодгарию ваҳшонияти наҳзатиҳоро бо чашми худ дидааст.

Ё агар соҳибкоре зимни фаъолияташ ба қонуншиканӣ роҳ дода бошад, ӯро ба ҷавобгарӣ накашанд? Таъмини амнияту тартибот, ҳифзи моликияти давлатӣ ва дороии мардум вазифаи сохторҳои марбутаи ҳукуматӣ мебошад. Табиист, ки онҳо ин вазифаҳои худро иҷро кардаанд.

Тоҷикистон дар замони истиқлолият ва хусусан дар солҳои охир, ки хатари мавҷудияти ТТЭ ҲНИ дар дохили кишвар аз байн бурда шуд, тадриҷан рушд кардааст. Пешравиро мо имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар мушоҳида мекунем. Иншоотҳои саноатию нақлиётӣ ва энергетикӣ, муассисаҳои соҳаҳои илму маориф, тандурустию фароғатӣ дар пеши назари сокинони кишварамон бунёд меёбанд. Танҳо кӯрдиле мисли наҳзатиҳо чунин ободкорию пешравиро намебинад.

Парвизи Мирзо,

СИЁСАТ

Варзиш

Иқтисодиёт

Фарҳанг

Кишоварзӣ

Маориф

РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯ

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
Назирӣ Зариф Вализода Назирӣ Зариф Вализода Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Абдуллозода Фаррух Орифӣ Абдуллозода Фаррух Орифӣ Муовини якуми Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Комилӣ Мастура Мухторзода Комилӣ Мастура Мухторзода Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия
Турсунзода Дилором Турсунзода Дилором Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз784
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта720
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1504
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта4007
mod_vvisit_counterҲамин моҳ7030
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта15535
mod_vvisit_counterҲамагӣ183580