МАКТАБ: НАҚШИ СОЗГОРИ ИЛМУ ДОНИШ

Дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 мавриди истифода қарор дода шуд.

Муассисаи мазкур дорои 2 бинои таълимӣ, ошхона, китобхона, майдончаи варзишӣ ва дигар биноҳои ёрирасон мебошад. Иқтидори мавҷудаи лоиҳавии муассиса барои 150 нафар хонанда дар як баст буда, айни замон дар ду баст 329 нафар хонандагон, аз ҷумла 165 нафар духтарон, дар 14 синф таҳсил доранд.

Муассиса бо кадрҳои педагогӣ пурра таъмин буда, айни замон дар он 20 нафар омўзгорон, аз ҷумла 13 нафар занон кору фаъолият доранд.

Бинои асосии муассиса, ки соли 1953 сохта шудааст, дорои 4 синфхона буд ва бинобар надоштани пойдевори мустаҳкам фарсуда гашта, ба ҳолати садамавӣ дучор гардидааст. Аз ин сабаб бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҷойи он сохтмони бинои нави таълимӣ ба анҷом расонида шуд.

Дар бинои нави таълимӣ дар ду баст 480 хонанда, ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Ҳамчунин дар назди муассисаи навбунёди деҳаи Навобод гармхона дар масоҳати 200 метри мураббаъ бунёд карда шудааст, ки дар он хонандагон ба таври озмоишӣ намудҳои гуногуни сабзавоту гулҳо ва ниҳолҳо шинонидаву парвариш менамоянд.

Раиси вилоят ифтитоҳи бинои таълимиро барои сокинони деҳа табрик гуфта, қайд намуд, ки бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми қаламрави вилоят сохтмони иншооти соҳаи маориф ҷараён дорад. Раҷаббой Аҳмадзода аз кормандони соҳаи маорифи ноҳия даъват кард, ки хонандагонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, барои азхудкунии забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши касбу ҳунар ба насли наврас аз имкониятҳо пурсамар истифода баранд.

Хадамоти матбуоти Раиси

вилояти Суғд

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.