Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Ярмаркаи либосҳои мактабӣ

E-mail Print PDF

Чихати  таъмини хонандагон бо либоси ягонаи мактаби ва харидории лавозимоти хониш  дар назди бозори Ориёни нохияи Бобочон Гафуров  ярмарка-фуруши либосхои мактаби ташкил карда шуд. Ба иттилои дастандаркорони ярмарка нархи либос ва ашёи хониш нисбатан арзонтар аст. Таъмини хонандагони муассисахои таълими аз масъалахои мухиме аст, ки тули чанд соли охир бо дастуру супоришхои Асосгузори сулху вахдати милли, Пешвои миллат, Президенти  Чумхури Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон   ва фармони Вазорати маориф ва илми Чумхури  амали карда мешавад.  Чихати ба пурраги харидори намудани либоси мактаби ва ашёи хониш барои солхои тахсили 2018-2019 сол  субхи имруз дар назди бозори Ориёни нохияи Бобочон Гафуров, ки дар шафати рохи Хучанд Гафуров вокеъ аст,  якмарка фуруши  либоси мактаби ва ашёи хониш ба кори худ  огоз кард.   Зимни суханронии худ намояндаи МИХД нохия, масъулини сохаи маориф, бозори Ориён ва сокинон чунин икдомро амри зарури  маънидод намуданд.

Маврид ба зикри хос аст, ки   ба бар кардани либоси мактаби  пеш аз хама аз   чихати   иктисоди бартари дошта, фаркиятро байни либоспуши хонандагон аз байн мебарад.  Феълан иттилоъ дода шуд, ки нархи  либосхои мактаби ва ашёи зарурии хониш, ки бо дастгирии МИХД нохияи Бобочон Гафуров ва рохбарияти бозори ориён сурат гирифтааст,  нисбат ба нархои бозор  арзонтар  аст.    Дар ин руз ба чанде аз фарзандони оилахои эхтиёчманд ба тарики ройгон либосхои мактаби ва  лавозимонти хониш ба тарики ройгон хамчун кумак супорида шуд.

Вокеан дар замони солхои сохибистиклоии Чумхурии Точикистон тахти рохбари пешвои миллат, мухтарам Эмомали Рахмон  ба рушди сохибкори ва  бахши хусуси таваччухи хоса равона гардида, имтиёзу имконот  барои фаъолияти сохибкори мавчуд аст. Бозори ориён, ки навтаъсис аст, имкони хуби ташкили чунин ярмаркахо ва нуктахои савдоро дорад.    Соли чори  масъулини шуъбаи маорифи нохияи Бобочон Гафуров бо 14-сеххои дузандагии нохия ва сеххои дузандагии шахри хучанд чихати таъмини хонандагон бо либоси мактаби шартномахоро ба имзо расонида то ба ин дам кисми бештари хонандагонро бо либосхои зебои мактаби таъмин намудаад.

 

 

 

Search