Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Кишоварзони н.Б.Ғафуров: «Ҳосили пахтаро то ба 15 ҳазор тонна мерасонем»!

E-mail Print PDF
There are no translations available.

Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дурнамои истеҳсоли пахта 12 400 тоннаи пешбинишударо барзиёд иҷро намуда, барои ҷамъоварии ҳосили пахтаи боқимонда ва гузаронидани кишти такрорӣ кўшиш доранд.


Кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Гафуров бо заҳмати софдилона аз иҷрои пеш аз мўҳлати дурнамои истеҳсоли пахта  даст ёфтанд. Аз огози мавсим аъзои ҳоҷагиҳо саҳмдорону иҷрокорон кушиш намуда, бо саривакт анҷом додани корҳо, кишти тухмиҳои навъҳои серҳосил, корҳои агротехникӣ аз пахтазори ноҳия ҳосили баланд гирифтаанд. Аз раёсати кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттилоъ доданд, ки  ҷамъоварии ҳосил дар пахтазори ноҳия пурра ба итмом нарасидааст ва то имруз аз нақшаи пешбинишуда 12 400 тонна зиёд, 13 ҳазору 632 тонна пахта ҷамъоварӣ гардида, ба корхонаҳои коркард супорида шудааст. Хоҷагиҳо азм доранд, ки ҳосили боқимондаи пахтаро беталаф ҷамъовари намуда, то ба 15 ҳазор тонна расонанд. Дар баробари ҷамъоварии пахта ҳоҷагиҳо кишти тирамоҳиро вусъат дода, то имрўз дар майдони 1175 гектар пиёз ва дар 966 гектар ғалла кишт намудаанд.

 

 

Мо дар Facebook

Search