Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Мулоқот доир ба пешгирӣ аз ҷинояткорӣ дар ҷамоати деҳоти Исмоил

E-mail Print PDF
There are no translations available.

Санаи 11-уми декабр дар ҷамоати деҳоти ба номи Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади пешгирӣ аз сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷомеа, огоҳсозии ҷавонон аз хатари терроризму эксримизм кормандони мақомоти прократура дар якҷоягӣ бо намояндагони шўъбаи корҳои дохилию масъулини шўъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо сокинони мулоқоти ошкоро доир намуданд.

Зимни баромади масъулини мақомоти прократура доир ба сатҳи ҷинояткорӣ, омилҳои мусоидаткунанда ба чунин амалҳо, зикр гардид, ки гарчанди сатҳи ҷиноятсодирнамоӣ дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тамоюли камшавӣ доранд, вале бархе шаҳрвандон бо сабаби сатҳи пасти дониши ҳуқуқиашон ба ҷиноят даст мезананд. Дар 11 моҳи соли равон аз тарафи мақомоти прократураи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қонуншиканиҳо аз ҷониби шаҳрвандон ошкор карда шуда, нисбати шахсони, ки ба чунин амалҳо даст мезананд, парвандаҳои ҷиноятӣ кушода шудааст.

Сипас, дар ҷамоъомад намояндаи бахши кор бо ноболиғони ШВКД ҶТ дар н.Б.Ғафуров оид ба сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, фазифаҳои волидайн дар тарбияи фарзанд бо иқтибос аз қонуни ҶТ «дар бораи таълиму тарбияи фарзанд»  баромади пурмўҳтаво намуда, аз волидайн даъват ба амал овард, ки нисбати таълиму тарбияи фарзанд таваҷҷўҳи ҳамаҷониба зоҳир намоянд.

Мудири шўъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар баромади худ иброз дошт, ки дар ноҳия барои машғулияти ҷавонон, таъсиси ҷойҳои навӣ корию ба шуғлҳои муфид фаро гирифтани хонандагон аз тарафи Раиси ноҳия Зариф Назирӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Намунаи он, ин бахшида ба соли ҷавонон дар баробари баргузории чорабиниҳои маърифатӣ, озмуни «Мутахассиси беҳтарини сол» доир гардид, ки дар ҷаъмбасти он 21 нафар ҷавонон, ки дорои тахассусҳои гуногунанд бо тўҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шудаанд. Ҳамзамон, дар оғози сол тариқи «Равзанаи ягона» дар ҳамаи ҷамоати деҳот вохурии Раиси ноҳия бо аҳолӣ, ва дар ин замина ҳалли масъалаҳои дастрасии сокинони деҳаи Деҳинави ҷамоати ба номи Ҳайдар Усмонов, шаҳраки Ғафуров, дигар деҳоти ноҳия, бунёди варзишгоҳҳо, мактабу кўдакистонҳои нав, бунгоҳҳои тиббӣ аз ҷумлаи ин иқдомҳо мебошад, ки дар асоси муроҷиати шаҳрвандон баҳри фароҳам овардани зиндагии шоиста ба онҳо амалӣ карда шудааст.

Дар хотимаи чорабинӣ дар ҷамоати деҳоти Исмоил сокинон баромад намуда, доир ба масъалаҳои пешгирӣ аз ҷинояткорӣ ва ҳалли масъалаҳои, ки ба камшавии он мусоидат мекунад, пешниҳоди хешро иброз доштанд.

 

 

Search