Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Ҷамъбасти нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар соли 2017

E-mail Print PDF
There are no translations available.

      Санаи 9 январ  дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Бобоҷон Ғафуров  аз рӯи ҷамъбасти  нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар соли 2017 маҷлиси фаъолон  баргузор гардид.

 

Дар маҷлис, ки таҳти раёсати Раиси ноҳия Зариф Вализода баргузор гардид,  муовини Раиси вилоят Ориф Ашӯрӣ, муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту идораҳои ноҳиявӣ, раисони ҷамоатҳо ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.


Дар маҷлис ҳисоботи муовини Раиси ноҳия Мастура Комилӣ оид ба нишондиҳандаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар соли сипаршуда шунида шуд. Мавсуф  дар суханронии хеш аз ҷумла таъкид кард, ки дар давраи ҳисоботӣ бо вуҷуди фарогирии буҳрони молиявию иқтисодӣ, дар натиҷаи заҳмати созандагиву бунёдкоронаи мардуми ноҳия суръати афзоиши нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоиву иқтисодӣ таъмин гардиданд.  Тамоюли рушд асосан аз ҳисоби  афзоиши ҳачми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ, зиёд намудани савдои дохилию хориҷӣ ва хизматрасониҳо таъмин карда шуданд.

 Бино ба иттилои М. Комилӣ  дар ноҳия нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ бе  назардошти андози иҷтимоӣ 101,8 фоиз таъмин гардида, нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ бошад 104,9  фоиз иҷро шудааст.

Дар ин  давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ  бошад, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 394 млн. сомонӣ зиёд ва вусъати афзоиш 163,3 фоизро ташкил додааст.

 Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта дар ноҳия суръати афзоиш дар соҳаи кишоварзӣ низ таъмин гардида, дар давраи ҳисоботӣ ба малбағи  наз ба 940 млн.сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шудааст. Дар ин давра суръати афзоиши истеҳсоли  ғалладонагиҳо, сабзавот, картошка, мевагиҳо, ангур, полезӣ, гӯшт, шир ва тухм таъмин гардидааст.

Дар маҷлиси фаъолон роҳбарони як қатор идораву ташкилотҳои ноҳиявӣ мавриди пурсиш қарор дода шуданд.

Дар маҷлиси фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамзамон муовини Раиси вилоят Ориф Ашӯрӣ  оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти  соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят ва  ноҳия ибрози ақида намуд.

Дар поёни маҷлис дар назди масъулини ноҳия вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Search