Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Гӯшаи “Ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод ” ташкил ва насб карда шуданд

E-mail Print PDF

  Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи  Бобоҷон Ғафуров гӯшаи “Ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод ” ташкил ва насб карда шуданд. Ин иқдом аз ҷониби  шуъбаи Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия сурат гирифт.

Кормандони ин ниҳод  иброз доштаннд, ки  маводи гӯшаҳои мазкур аҳолӣ дар мавриди мавҷуд будани ҷойҳои холии корӣ дар маҳал  маълумоти муфассал пешкаш карда, ба иттилоотонии онҳо дар ин самт мусоидат менамояд.

Мувофиқи иттилои ин манбаъ ҳоло дар корхонаю муассисаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 204 ҷойи кории холӣ мавҷуд аст. Гуфта мешавад, ки ҳамзамон шаҳрвандони бекори касбу ихтисос надошта аз рӯи 16 ихтисос  ба касбомӯзӣ ҷалб карда шудаанд.

                                                                              Хадамоти матбуоти

                                               Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Search