Дар робита ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани соли 2018, санаи 12 апрел дар муассисаи таҳсилоти иловагии №5 ҷамоати деҳоти Овчиқалъача якҷоя бо директорону роҳбарони маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров машварати доимоамалкунанда баргузор гардид.
Дар барномаи машварат 3 намуди машғулиятҳо ва чорабинии берун аз синфии адаби-фарҳангӣ аз қабили маҳфилҳои “Рӯзғордорӣ”, “Тарроҳ-дӯзанда”, “Қолинбофӣ” таҳти унвони “Иди Баҳор” гузаронида шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
< Prev | Next > |
---|