Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Ифтитоҳи маркази адрасу атласбофӣ дар ҷамоати деҳоти Унҷи

E-mail Print PDF
There are no translations available.

Бахшида ба эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” , санаи 13 апрел дар ҷамоати деҳоти Унҷи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маркази таълимии адрасу атласбофии “Гулистон” ба фаъолият оғоз намуд.



 Дар ин марказ 8 адад дастгоҳи адрасбофӣ насб карда шуда, дар маҷмӯъ 15 нафар занону духтарони маҳаллӣ ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.

 Ҳадаф аз роҳандозии чунин тадбирҳои муҳим бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, коҳиш додани  сафи занони муҳоҷир, соҳибкасб намудани занҳои хонашин, бароҳ мондани меҳнати хонагӣ ба ҳисоб меравад.

Хадамоти матбуоти

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Search