Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, даъвати панҷум баргузор гардид

E-mail Print PDF


Санаи 16 апрел дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, даъвати панҷум баргузор гардид.


Ба баррасии иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум масъалаҳои зерин пешниҳод карда шуданд:

-           оид ба рафти иҷрои қарорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, №375 “Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;

-           оид ба ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халҷи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии “Сайҳун” рақами №31 Саидов Саидумрон Ғаниҷонович оид ба рафти иҷрои ваколатҳои вакилиаш;

-           оид ба қатъ намудани ваколатҳои вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҳавзаҳои интихоботии “Даштак” рақами 16, “Инқилоб” рақами 23 ва “Шайхбурҳон” рақами 26;

-           оид ба таъин намудани интихобот дар ҳавзаҳои интихоботии Маҷлиси вакилони халҷи ноҳия “Даштак” рақами 16, “Инқилоб” рақами 23 ва “Шайхбурҳон” рақами 26 ба ивази вакилони хориҷшуда;

-           оид ба ташкили комиссияи ноҳиявии интихобот доир ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоқон Ғафуров, даъвати панҷум дар ҳавзаҳои интихоботии “Даштак” рақами 16, “Инқилоб” рақами 23 ва “Шайхбурҳон” рақами 26;

-           дар бораи тасдиқи Низомнома ва ҳайати комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;

-           оид ба номгузорӣ;

-           тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳия.

Хадамоти матбуоти

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Search