Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Изҳороти ҷомеаи меҳнатии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10 ба номи Ғаффор Олимови ҷамоати деҳоти Ёва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

E-mail Print PDF
There are no translations available.

 

Дастоварди назарраси истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо роҳбарии Пешвои миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ба имзо расидани Созишномаи сулҳ байни мухолифин ва Ҳукумати қонунии Тоҷикистон мебошад. Эълон  шудани Рӯзи Ваҳдати миллӣ – 27 июни соли 1997 дар таърихи  Тоҷикистони тозаистиқлол санаи муҳим ба ҳисоб меравад. Терроризму экстремизм ватан, дин, мазҳаб надоранд, балки он хатари воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳонист. Терроризм чун вабои асри  ХХ1  имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. ТЭТ ҲНИТ  ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки бо истифода аз номи дини мубини ислом, ки дини поку таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бояд бурд.


ТЭТ  ҲНИТ аз аввали фаъолият ба таври пинҳонӣ ва баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ошкоро барои аз байн бурдани давлати Тоҷикистон, ҷанги шаҳрвандиро сар бар занонид. Дар барномаи худ ин ТЭТ Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аслан ғасб кардани ҳокимияти қонунӣ ва барпо кардани давлати исломиро тарғиб намуда, ба тарафдорони худ ваъдаҳои бардурӯғ медоданд.

Аслан дини ислом ба ҳизб эҳтиёҷ надорад. Бисёре аз аъзоёни ин ҳизб аз сиёсат дур мебошанд, ки барои некуаҳволии мардум ё пешбурди иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат ягон саҳми босазое нагузоштаанд. Вақтҳои охир ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил шудани ҷавонон ва занону духтарон ин дарди ҷонсӯзи миллату  ватан аст. Имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро дар тасаввуроти ҷавонони мо тамаддуни исломро нодуруст шарҳ дода, онҳоро ба сӯйи фанатизм ва эктремизм ҷалб менамоянд. Бояд ҷавонони мо таълимоти дурусти динро пурра дарк намуда, кӯшиш намоянд, ки фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро нагарданд. Ҳаминро бояд дониста бошанд, ки дарвоқеъ, ҳеҷ гоҳ ба вуқӯъ пайвастани амалҳои террористии ниқоби динидошта, аз ҷумла ниқоби исломидошта, моҳияти динро инъикос карда наметавонад. Ҳар гуна дин, бахусус, дини ислом мухолифи амалҳои террористӣ буда, онро ба куллӣ рад менамояд.

Ҳар ки ба мардум хиёнат мекунад,

Нарасад харгиз ӯ  ба неъмату ноз.

 

Моён - кулли омӯзгорону кормандони муассисаи таълимӣ ҳаргиз намегузорем, ки душманони миллати соҳибтаъриху фарҳангсолори тоҷик ба мақсадҳои ғаразноки худ бирасанд бо қатъият изҳор менамоем, ки ҳеҷгоҳ нақшаҳои нопоки ҲНИТ  амалӣ шавад.


 

Search