Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

ТЭТ ХНИТ – хизби моҷароҷўй

E-mail Print PDF

Дар ҷумҳурӣ байни ҳизбҳои сиёсӣ ҳизби наҳсати исломи Тоҷикистон ягона ҳизбе буд, ки аз рўзҳои аввали ташкилшавӣ ба майдони сиёсат бо мақсадҳои ғаразнок ворид гардид. Миёни аҳолии кишвар хеҷ вақт нуфуз ва ҷонибдорони худро пайдо карда натавонист ва оқибат фано шуд.


Фаолияти хафнокии ТЭТ ҲНИТ-ро ба назар гирифта  Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизби наҳсати исломи Тоҷикистонро ҳамчун ташкилоти ифротгаройӣ эътироф  намуда, фаъолияти ҳизбиро қатъ намуд.

Таърихи 8 –уми июни соли 2016 дар шаҳри Ереван ҷаласаи Кумитаи котиботи шўроҳои амнияти давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъи баргузор гардид, рўихати ташкилотҳоеро, ки дар кишварҳои узви СААД ҳамчун терористӣ ва экстремистӣ этироф шудаанд, бо қарори дахлдор ба мувофиқа расониданд.

Дар рўихати мазкур дар қатори созмонҳои террористии  байналмиллалӣ ба монанди «Ал-қоида», «ДИИШ», «Ансоруллоҳ», «Ихвон-ул муслимин» «ҲНИТ» низ таҳти №65 ворид карда шуд.

Кунун мо  ба он рўз расидем, ки бояд аз даврони соҳибистиқлоливу оромии кишвар шукргузорӣ намуда, барои  ризову равнақи миллату давлати хеш ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллии мардум кўшиш намоем.

Амалҳои террористии ТЭТ ҲНИТ  танҳо ва танҳо ношукрӣ аз истиқлол, сулҳу ваҳдати кишвар буда, паси амалисозии ҳадафҳои нопоку ғаразноканд.

Аз мардуми Тоҷикистон, хоса  ҷавонон даъват карда мешавад, ки дар муқобили ин хатарҳо  мутаҳид бошанд ва ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Тоҷикистониён имрўз шукрона аз даврони соҳибистиқлолӣ мекунанд ва қудрате доранд, ки  ҳар гуна харакатҳоеро, ки ба суботи сиёси кишвар таҳдид менамояд, аз байн баранд.

Имрўз мо омўзгорону  волидайнон вазифадор ҳастем, ки баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳарактҳои ифротӣ ҷидду ҷахд намоем. Ҳар яки мо вазифадорем, ба  созандагиву бунёдкорӣ машғул шуда, фарзандони худро дар руҳияи ватандўстӣ, худшиносиву хештаншиносӣ,  омўзиши касбу ҳунар ва илму адабро тарбия намоем.

Сулҳу ваҳдатро чун бузургтарин неъмати бебаҳо эҳтиром гузошта, таҳти роҳбарии Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон мўҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ободкориву созандагӣ ҳамрайи ва  ҳамкор бошем.

 

Директори МТМУ №10

ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Назаров Н.М.

 

Search