Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Изҳороти кулли омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нисбат ба амал нопоки ТЭТ ҲНИТ

E-mail Print PDF

Ҷомеи омӯзгорон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров амалиёти ифротгаронаи ТЭТ ҲНИТ-ро маҳкум месозем. Фаъолияти ин гурӯҳ аз ибтидо рахнагӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон, монеае дар роҳи рушди кишвар буд. Аммо ба хотири Ваҳдат ва якпорчагии Ватани азизамон, ба хотири дарки хатоҳояшон ба ъди Созишномаи сулҳу Ваҳдат, ҳукумати кишвар ба ҲНИТ иҷозати фаъолият дод. Вале ба ҷойи аз гузаштаи нанговари худ сабақ бардоштан, онҳо боз амалҳои тундгароёна ва ниятҳои нопоки худро идома медоданд.


Дар шароити имрӯзаи ҷумҳуриҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ ҷунбишҳои ифротгароёнаи бо ном исломӣ яке аз фитнаҳои хеле хатарнок дар арсаи сиёсии ин минтақаҳо мансуб мегарданд. Ошноӣ бо ҷаҳонбинӣ ва бунёдҳои мафкуравӣ, инчунин усулҳои муборизаи ин гурӯҳҳо зарурати омӯзиш ва мавриди тааммӯл  мебошанд, зеро надонистани ҳадафҳои стратегии онҳо ҷомеаро метавонад ба муаммои сарбастае рӯ ба рӯ карда, боиси ҳарҷу марҷ ва нооромиву бесарусомониҳои зиёд шавад.

Ҷаҳони муосир  пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, ки яке аз сабабҳои он афзудан ва густариш ёфтани терроризм, экстремизм, фундаментализм, сепаратизм, анархизм,  ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо мебошад.

Мутаасифона, дар ҷомеаи мо низ аломатҳои чунин зуҳуроту падидаҳои номатлубро аз қабили радикализм ва экстремизм, синкретизм (яксон, махлут кардани назария, андеша ва ақидаҳои ба ҳам мухолиф), нигелизм (инкори маслаку мафкура, хулқу одоб, сохтори маъмӯли ҷомеа), тоталитаризм (яккаҳукмронӣ ва маҳрумият аз тамоми намуди озодиҳо), космополитим (рад кардани ҳуввияти миллӣ, фарҳангу суннатҳои миллию  динӣ) - ро мушоҳида кардан мумкин аст. ҲНИТ низ яке аз ин ташкилотҳои экстремистиву ифротгаро ба ҳисоб меравад.

Симои ҳақиқии ҲНИТ – ро собиқ муассис ва узви фаъоли он Мулло Абдураҳим Каримов чунин баён намудааст: -  «Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон низ аз ҷумлаи аҳзоби сиёсии динӣ ҳаст, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ нахустин шуда, аз ҳастии худ дар қаламрави Осиёи Миёна хабар дода буд. Яъне ҲНИТ аз фаъолияти пинҳонӣ ба фаъолияти ошкоро гузашт. Аммо мутаассифона бисёре аз аъзоён ва роҳбарони бахшҳои ҲНИТ, аз ҷумла банда, дар бораи барномаи сиёсии пинҳонпаҷӯҳонаи ҲНИТ огаҳӣ надоштанд. Аслан, ҳизб барои ислом бегона аст. Бунёд кардани Ҳизби ислоӣ дар Тоҷикистон , ки қариб сад дар сади сокинони он мусулмон ҳастанд, худ тафриқа андохтан миёни мардуми мусулмони кишварамон мебошад. Аз ин ҷост, ки мардуми мусулмон ва, аз ҷумла рӯҳониёни машҳури тоҷик ҲНИТ – ро намепазируфтанд ва онро дастгоҳ ва манбаи идеологияи ваҳҳобия донистанд, фаъолияташро номашрӯъ ҳисобиданд. Аммо ҲНИТ бар иродаи мардуми мусулмон ва рӯҳониёни мазҳабӣ нигоҳ накарда, бо кӯмаки хоҷагони пасипардагии худ арзи вуҷуд намуд.     То имрӯз ин рақобати рӯҳониёни исломи асил бо ҲНИТ  боқӣ мондааст ва онро онҳо эътироф намекунанд».

Масалан, таҳлили фаъолияти беш аз бистсолаи ҳизби мазкур ҳар як шахси солимфикрро ба хулоса меорад, ки пайравони ин ҳизб аз ҳалли муаммоҳои мубрами иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа чашм пӯшида, қобилияти ақлӣ ва зеҳниашонро танҳо ба ҳимояи ришу ҳиҷоб равона кардаанд.

Мавриди таҳкид аст, ки мутобиқи моддаи 4 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», таҳсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ки мақсад ва амалашон ба фаъолияти экстремистию террористӣ, бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва ташкил намудани гурӯҳҳои мусаллаҳ равона гардидааст ва ё низои наҷодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ, маҳалгароӣ ва диниро тарғибу ташвиқ менамоянд, маън аст.

Бояд ҳар як шаҳрванди ба ору номуси кишвар ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашаванд.  Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсиии ҷомеъа мо ҳама бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомотҳои давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.

 

Search