Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Фарҳанг

Фарҳанг дар ноҳия

E-mail Print PDF
There are no translations available.

Соҳаи фарҳанги ноҳия яке аз соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, он дорои тамаддуни таърихӣ мебошад. Бахши фарҳанги ноҳия дар кӯчаи Ленин 22, дар даромадгоҳи боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, дар бинои хонаи пешоҳангон (аз тарафи чап) ҷойгир буда, дар ихтиёри бахши фарҳанг 31 китобхона ( бо зиёда аз 138 ҳазор захираи китобӣ ва 7 адад нуқтаҳои китобдиҳӣ), 18 муассисаҳои клубӣ, ансамбли “Шашмақомхонон” ва 1 мактаби санъат бо 4 филиал фаъолият менамояд.  Дар муассисаҳои фарҳангии ноҳия 130 нафар кормандон фаъолият менамоянд.Китобхонаҳо дар ҳудуди 12 ҷамоатҳо ҷоӣгир буда, ба хонандагони хеш барои дастрас намудани китобҳои илмӣ-адабӣ, соҳавӣ фаолияти худро хуб ба роҳ мондаанд. Инчунин дар ноҳия мактаби санъати бачагона фаъолият мебарад, ки 4 филиали он дар ҷамоатҳои Исмоил, Овчиқалача, Хистеварз, Унҷӣ мебошад. Дар мактаби санъат ҳунарҳои гуногун, аз ҷумла омӯзиши асбобҳои мусиқии фортепиано, аккордеон, рубоб, най ва карнай, ғиҷҷак, чанг, доира, овозхонии мақом, нутқи саҳнавӣ, кешбофӣ ва дӯзандагиро меомӯзанд. Ҳунармандони ансамбли “Шашмақом-хонон”, аз ҷумла Аҳмадҷон Очилбоев, Неъматҷон Азимов, Азим Холов, Оқила Ваҳобова ва дигарон таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Тӯлқин Тоҷибоев дар баробари омода кардани ҳунари волои мақомсароӣ, дар баргузории чорабиниҳои таърихии кишвар бо сароидани сурудҳои нав ба нави ватанпарастӣ саҳми босазо мегузоранд.Ҳунармандони хушофари бахши фарҳанг аз қабили Муҳиддин Ғозиев, Фахриддин Ҷалолов, Носир Раҳимов, Абдураҳмон Абдураҳмонов, Маҳками Баҳриддин, Ҳилолиддин Шамсиев, Мафтуна Мирсаидова ва даҳҳо дигарон дар баргузории чорабиниҳои гуногуни вилоятиву ноҳиявӣ бо таронаҳои ҷаззоби хеш дар хизмати мардум мебошанд.

 

Мо дар Facebook

Search