Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Кишоварзӣ

ВАЗЪИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ, ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ВА ҲОЛАТИ МЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО

E-mail Print PDF
There are no translations available.

Дар давраи ҳисоботӣ дар тамоми шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои ҷорӣ ба 789,4 млн. сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба соли 2014 106,2 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, растанипарварӣ 519,9 млн. сомонӣ, суръати афзоиш 107,3 фоиз ва чорводорӣ 269,5 млн. сомонӣ суръати афзоиш 104,0 фоизро ташкил дод.

Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ афзоиши аксарияти маҳсулотҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 таъмин гардида, дар ин давра 103810 тонна сабзавот, 5074 тонна картошка, 4434 тонна меваҷот, 44526 тонна ғалладонагиҳо, 10199 тонна ангур ва 11149 тонна полезӣ истеҳсол гардид. Ҳосилнокии зироатҳо, аз ҷумла, ғалладонагиҳо ҳамагӣ 30,2 сентнер, шолӣ 45 сентнер, пахта 19,7 сентнер, картошка 210 сентнер, сабзавот 280,3 сентнер ва полезиҳо ба 202 сентнер расонида шуд.

Дар ноҳия тибқи нақша бунёди 205 гектар боғи нав ба нақша гирифта шуда, дар ин давра 333 гектар бунёд карда шуда, 325 гектар боғҳои кӯҳна ва 50 гектар токзорҳои кӯҳна барқарор  карда шуданд.

Дар соли 2016 мувофиқи ноҳия бунёди 230 гектар боғу токзори нав ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия саршумори чорвои калони шохдор ба 73714 сар расонида шудааст, ки аз он модагов 30164 сар, бузу гӯсфандҳо 193480 сар, парранда 584895 сар, асп 1104 сарро ташкил медиҳад.

Чорводорон ва паррандапарварони ноҳия дар ин давра ба миқдори 7036 тонна гӯшт суръати афзоиш 103,2 фоиз, 33321 тонна шир суръати афзоиш 103,1 фоиз, 71,6 млн. дона тухм суръати афзоиш 100,4 фоиз истеҳсол намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ наслгирӣ аз моли калони шохдор аз ҳар 100 сар 65 сарӣ мебошад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 сар зиёд мебошад. Наслгирӣ аз моли майда аз 100 сар мешу модарбузҳо 84 сарро ташкил медиҳад, ки нисбати соли гузашта 1 сар зиёд мебошад.

Тибқи дастуру супоришҳои Шумо мӯҳтарам Раис, соли 2015 бояд дар ҳамаи ҷамоатҳо 1 адади маркази зообойтори ташкил карда мешуд. То ба имрӯз 12 адад маркази зообойтори ташкил карда шудааст. Дар соли 2015 ба ин марказҳо 269 нафар шаҳрвандони ноҳия муроҷиат намуданд. Ҳоло боз сохтмони 3 адад маркази зообойтори дар ҷамоатҳои Унҷӣ, Хистеварз ва Ёва идома дорад. Боиси қайд аст, ки дар ҷамоатҳои ноҳия 48 адад марказҳои хизматрасонии техникӣ ташкил карда шуда, онҳо тариқи шартнома бо хоҷагиҳои деҳқонӣ хизмат расонида истодаанд. Инчунин дар ҷамоатҳои ноҳия 25 адад мағозаҳои фурӯши нуриҳои минералӣ ва заҳрдоруҳо, 8 адад мағозаҳои фурӯши тухмиҳо ва 22 адад мағозаи фурӯши қисмҳои эҳтиёти ташкил карда шудааст.

Дар ин давра заҳбурҳои Қаромазорсой дар ҷамоати деҳоти Исмоил, Береговой-2 дар ҷамоати деҳоти Зарзамин, К-7 дар ҷамоати деҳоти Хистеварз ва дигар заҳбурҳо дар маҷмӯъ ба маблағи 463,0 ҳазор сомонӣ корҳои тозакунӣ ба анҷом расида шуда, ҳолати мелиоративии 688 гектар заминҳо беҳтар гардонида шуд.

 

Кишоварзӣ

E-mail Print PDF
There are no translations available.

Ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва шароитҳои табиию иқлимии ноҳияи Б.Ғафуров хусусияти самтҳои иқтисодии онро муайян кардаанд. Ноҳия яке аз минтақаҳои пешрафтаи аграрию саноатии вилоят ва ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.

Нақши соҳаи кишоварзӣ дар иқтисодиёти маҳаллӣ. Хоҷагии қишлоқ соҳаи асосии пешбурди иқтисодиёт мебошад ва дар ҳаёти иқтисодии ноҳия нақши аввалиндараҷаро мебозад. Дар деҳот қисми зиёди аҳолии қобили меҳнат зиндагӣ дорад (94%). 48% фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасониҳо ба соҳаи кишоварзö рост меояд. 

Диаграммаи 2. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои 2009-2010.

Сабаби паст шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ (бо ифодаи пулӣ) дар соли 2010 дар қиёс бо соли 2009 ин паст шудани ҷамъоварии ҳосили баъзе намудҳои зироатҳо, аз ҷумла картошка, ангур ва меваҳо мебошад. Шароити бади обу ҳаво ба соҳа хисороти калон расонид. Маблағи умумии зарари аз шароити иқлимӣ ба соҳаи кишварзӣ расонидашуда дар соли 2010 1,8 млн. сомониро ташкил дод.Соҳаҳои асосии кишоварзии ноҳия пахтакорӣ, растанипарварӣ, боғдорӣ, ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ, ангурпарварӣ, кирмакпарварӣ, чорводорӣ мебошанд. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2010 нисбати соли 2009 ба ҳар сар аҳолӣ он аз ҷумла ғалладонагиҳо 70 кг., сабзавот -194 кг., мева- 44 кг, ангур -25 кг., шир - 98 кг., гўшт 20 кг. ва тухм -49 донаро ташкил дод. Шакли ташкилии соҳаи кишоварзӣ. Дар ноҳия 12 ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, 347 хочагии дехконии инфиродии оилавӣ, як хоҷагии ниҳолпарварӣ, 2 адад ҷамъияти саҳҳомӣ ва 2 адад ташкилоти илмию истеҳсолӣ фаъолият менамоянд.

Таъминот бо техникаи кишоварзӣ: Сатҳи механизатсияи истеҳсолоти кишоварзӣ он қадар баланд нест. Аз рўи маълумотҳои оморӣ ба 01.01.2011, дар миқёси ноҳия ҳамагӣ 2871 адад техникаи кишоварзӣ мавҷуд аст, аз ҷумла: 1099 адад тракторхо аз он (179 адад техникаи шудгоркунанда), комбайни ғалладарав - 66 адад, автомобилҳои боркашон – 394 адад, ядакҳои трактор - 449 адад, алафдарав - 33 адад, мошинаҳои пахтачин- 20 адад, тухмипошакҳо –220 адад, плугҳои трактор – 232 адад, култиваторҳо– 278 адад, ворухҳои пахтатозакунӣ – 39 адад ва дигар техникаи кишоварзӣ - 41 адад. Аксари техникаи кишоварзии хоҷагиҳои ноҳия фарсуда мебошанд, зеро, ки онҳо дар солҳои 1975 - 1995 истеҳсол шудаанд (аз тарафи хоҷагиҳо танҳо 2-3 адад техникаи нав дар як сол харидорӣ карда мешавад). Барои таъмири ҳарсолаи техника маблағи зиёд лозим аст ( 60-70% техника таъмирталаб аст).

Истифодабарии замин. Майдони умумии ҳамаи заминҳо бо назардошти заминҳои дар дигар ноҳияҳо буда (дар Мастчоҳу Ҷаббор Расулов) 298438 га-ро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии заминҳои кишоварзӣ 138428 га ё худ 46,4% майдони умумии заминҳои ноҳияро ташкил менамояд. 

86 фоизи майдони умумии заминҳои корами обӣ тавассути насосҳои обкашӣ обёрӣ карда мешаванд. Соли 2010 аз захираи заминҳои корами дар ноҳия мавҷудбуда бо назардошти ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 26752 гектар (98%) кишти зироатҳо гузаронида шуд.

Диаграммаи 3. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ дар шакли натуралӣ барои солҳои 2008-2010. (тонна)


Сабаби кам шудани майдонҳои кишти зироатҳои хўроки чорво зиёдшавии майдонҳои зироатҳои ғалладона (1655 га), зироатҳои техникӣ (пахта - 153 га), сабзавот (388 га) ва бунёди боғоти нав (750 га) мебошад.  Зиёда аз 10% заминҳои обии ноҳия ба шўршавӣ гирифтор шудаанд. Соли 2009 майдони заминҳои дараҷаи шўршавиашон миёнаву сахт 1016 га-ро ташкил намуданд. Сатҳи минерализатсияи замин 002C, ки аз нишондодҳои меъёрӣ баланд аст (3г/л) дар соли 2009 372гаро ташкил карданд. Майдони заминҳои сатҳи обҳои зеризаминиашон аз меъёр баланд (1-1,5 м) аз соли 2000 то 2004 240 га зиёд шуданд. Майдони заминҳои сатҳи обҳои зеризаминииашон то 1 м. 1760 га ва то 1,8 м. 5596 га-ро ташкил медиҳанд. Сабаби асосии баландшавии сатҳи обҳои зеризаминӣ ба мушкилоти шабакаҳои мелиаратсионö вобаста аст (ба боби ирригатсия дар поён нигаред).
Растанипарварӣ. Дар соли 2010 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 273,7 млн. сомониро ташкил дод, ки дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии ноҳия 69,9% мебошад.Дар структураи истеҳсоли зироатҳои растанипарварӣ сабзавоту ғалладонагиҳо афзалият доранд. 

Read more...
 

Мо дар Facebook

Search