Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Ҷамоати деҳоти Исфисор

E-mail Print PDF
There are no translations available.

Ҷамоати Исфисор ба масоҳати васеъ тӯл кашида, дар он 7 қишлоқ ҷойгир шудааст, ба номи Дашти амин, Маданият, Шӯхак, Янгиер, Ҷавонӣ ва Исфисор. Дар ҷамоат 2 хоҷагӣ ба номи А.Ҷумъаев ва ИИИ «Зироаткорӣ», 7 мактаб, 5 муассисаҳои томактаби, марказҳои саломатӣ, беморхона дорои 70 кат ва 15 нуқтаҳои савдо мавҷуд буда, ба шаҳрвандон хизмат мерасонанд. Ҷамоати деҳоти Исфисор 9 январи соли 1936 ташкил ёфтааст. Нуфуси аҳоли 37936 нафар буда, 6839 хоҷагиро ташкил медиҳад. Аксарияти аҳолиро ӯзбекон ташкил медиҳад. Ҷамоат яке аз мавзеъҳои шукуфони ноҳия аст ва бо мардуми меҳнатдӯст, ҷавонони қавиидора, модару духтарони босаводу оқилаи худ фахр мекунад. Исфисор зодгоҳи фарзанди фарзонаи миллат, нахустин Қаҳрамони Тоҷикистон аллома Бобоҷон Ғафуров мебошад. Шӯҳрати ин диёр ва гиромидошти ин хок чун ному кори Бобоҷон Ғафуров барои ҳар фарди тоҷик мояи ифтихор аст. Исфисориён инчунин 4 нафар докторони илм, 17 нафар номзадҳои илм ва даҳҳо қаҳрамонони арсаи меҳнат, омӯзгорону духтурон, механизаторону кишоварзон ва меҳнаткашон фахр доранд. Дар ҷамоат 28 кумитаи маҳалла фаъолият доранд. Соҳаи асосии ҷамоат кишоварзӣ мебошад. Хоҷагии ба номи А.Ҷумъаев нақшаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро барзиёд иҷро намуда, яке аз пешсафони соҳа ба ҳисоб меравад. Хоҷагиро Раиси вилоят бо нишони ғолибият сарфароз гардонида, раиси хоҷагии мазкур А.Абдуманнонов барои ташкили кори самарабахш ва иҷрои нақшаҳои давлатӣ аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба гирифтани ордени Шараф ноил гаштааст. Дар ҳудуди ҷамоат варзишгоҳ воқеъ буда, мардуми он ба варзиш рағбати зиёд доранд. Аҳолии ҷамоат дар маъракаҳои кабудизоркунӣ, таҷлили соли гулҳо, иҷрои дастуру супоришоти мақомоти болоӣ фаъолона ширкат меварзанд, баҳри ободии диёр, шукуфоии кишвар пойдорию густариши сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саъю кӯшиш доранд.

 

Мо дар Facebook

Search