ЛОИҲАҲОИ ИНВЕСТИТСИОНӢ

Print

Дастгирии рушди соҳибкории хурду миёна ва афзунгардонии содироти маҳсулоти кишоварзӣ самти афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҳсуб меёбад. Дар ноҳия оиди рушди соҳибкорӣ ва саҳми соҳибкорон дар пешбурди иқтисодиёт машваратҳои соҳибкорон баргузор гардида, масъулин вазифадор карда шуданд, ки барои дастгирии ҳамаҷонибаи фаъолияти соҳибкорон ҷиҳати таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва ватанӣ, ба кор даровардани коргоҳҳои коркарди маҳсулот бо технологияи нав корбарӣ намояд.

Мувофиқи маълумоти нозироти андози ноҳия дар давраи ҳисоботӣ шумораи соҳибкорони инфиродие, ки аз рӯи патент фаъолият мебаранд, аз аввали бақайдгирӣ 3681 нафарро ташкил медиҳанд.

Шумораи соҳибкорони бо шаҳодатнома фаъолиятбаранда дар давраи ҳисоботӣ 6989 нафар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5515 нафар аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонии навтаъсис зиёд гардида онҳо ба қайд гирифта шудаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ 68 адад шартномаҳоро доир ба иҷораи иншоотҳои давлатӣ баст, ки дар натиҷа ба буҷети ноҳия 167,4 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид.

Дар ноҳия оиди иҷроиши «Барномаи давлатии сармояҳо, грантҳо, сохтмонҳои асосӣ барои солҳои 2013-2015» корҳои муайяне иҷро карда шудаанд.

Дар асоси таҳлилу омӯзишҳо бо идораи минтақавии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи тоза намудани канали “Қистақӯз” дастгирӣ ёфта, тибқи лоиҳа канали кӯҳнаи “Қистақӯз” аз тарафи пудратчи ҶСК ДСМ-20 ба маблағи 89,5 ҳазор сомонӣ пурра тоза ва аз таъмир бароварда шуд.

Ҳамзамон тибқи лоиҳаи дафтари минтақавии Суғдии Барномаи Рушди Созмони Милили Муттаҳид «Бо тарзи механикӣ тоза намудани канали ҳимоявии зиддиселии Хоҷабақирғон», воқеъ дар ҷамоати деҳоти Овчиқалъача бо маблағи умумии 219,1 ҳазор сомонӣ аз ҷониби пудратчӣ ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Каскад Хуҷанд» пурра таъмир ва тоза намуда, ба истифода дода шуд.

Дар доираи Барномаи обёрии маҳалҳо аз ҷониби ташкилоти байналхалқии оҷонсии Амрико оид ба рушди байналмиллал баҳри обёрӣ ва бо оби нӯшокӣ таъмин намудани маҳаллаи Истиқлоли шаҳраки Ғафуров 50,0 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо гардид, ки он барои харидорӣ намудани қубурҳо ва ба системаи ягонаи об пайваст шудан равона гардида, аз лоиҳаи мазкур 2050 нафар бошандагони маҳалла бархӯрдор шуданд. Тибқи лоиҳа 1893 метр қубури нави пластики, 17 дона луқидон, 50 дона чоҳак ва 50 дона обченкунак ба маблағи 50,0 ҳазор доллари амрикоӣ насб карда шуда, ба истифода дода шуд.

Аз ҷониби оҷонсии Амрико оид ба рушди байналмиллал қубурҳои деҳаҳои Чорсу-1 ва Чорсу- 2-и ҷамоати деҳоти Ғозиён ба маблағи 50,0 ҳазор доллари амрикоӣ пурра аз таъмир бароварда шуда, бо ҳисобченкунакҳои обӣ таҷҳизонида шудаанд, ки дар натиҷа 227 оила аз лоиҳаи мазкур бархӯрдор шуданд.

Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон» 6 намуди корҳои барқарорсозӣ ва харидорӣ барои барқарорсозии системаҳои обтаъминкунӣ муайян карда шудааст, ки ба ин лоиҳа ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ шомил буда, аз ҷониби Бонки Рушд ва Таҷдиди Аврупо маблағгузорӣ карда шуда, маблағи лоиҳа 3,8 млн. доллари ИМА, аз ҷумла, 1,8 млн. доллари ИМА ба намуди қарз ва 2,37 млн. доллари ИМА ба намуди грант ташкил дода, корҳо дар ин самт оғоз гардидаанд. Айни ҳол техника ва таҷҳизотҳои муҳандисиро ба маблағи 106,7 ҳазор доллари ИМА харидорӣ намуда ба КДФОК-и ноҳия дастрас карда шудааст.

Барои аз нав кардани қубурҳои обрави магистралӣ 32000 метр чуқурии обгузар кофта ва 29600 метр қубури пластикӣ хобравонда, 167 адад қудуқ гузошта шуда, ҳоло корҳо дар ин самт идома доранд.

Аз ҷониби ташкилоти байналмилалии Юнисеф лоиҳа ба маблағи 36,0 ҳазор сомонӣ дастгирӣ ёфт, ки он асосан барои баланд бардоштани савияи дониши кормандони дар самти соҳаҳои иҷтимоӣ фаъолияткунандаро дар бар мегирад.

Баҳри рушди соҳаи маориф ва беҳтар намудани таълиму тарбия дар соли хониши 2014-2015 ба 49 мактаби ноҳия аз тарафи Барномаи Озуқаи Ҷаҳонии Созмони Миллали Муттаҳид озуқа ба миқдори 359,9 тонна орд, 35,8 тонна равған, 71,6 тонна нахӯт ва 7,2 тонна намак дастрас карда шуда, дар давоми сол 4 маротиба тақсимот ба роҳ монда шуда, корҳо дар ин самт идома дорад.

Аз ҷониби Сафоратхонаи Ҷопон бошад, ба соҳаи тандурустии ноҳия ба беморхонаи марказӣ мувофиқи лоиҳаи “Таъминоти таҷҳизотӣ тиббӣ ба беморхонаҳо” таҷҳизотҳои тиббӣ ба маблағи 88,0 ҳазор доллари амрикоӣ ворид карда шуд.

Ҳамзамон аз тарафи ташкилоти байналхалқии Оперейшн Мерси дар доираи татбиқи лоиҳаи обёрии маҳалҳо бо обӣ нӯшокӣ дар деҳаи Сумчаки ҷамоати деҳоти Д.Холматов ба маблағи 137,7 ҳазор сомонӣ қубурҳои нави оби нӯшокӣ насб карда шуда, ба истифода дода шуд.