Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Лоиҳаҳои сармоягузорӣ

E-mail Print PDF

Аз мониторинги Барномаи Рушди ноҳия маълум гардид, ки зиёда аз 25%-и лоиҳаҳои дар Барнома пешбинӣ гардида, манбаҳои маблағгузорӣ надоранд. Бинобар ин аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оиди ҷалби сармоягузорони дохила ва беруна корҳои муайянро ба сомон расонида истодааст. Яке аз роҳҳои ҷалби сармоягузорон, ки аз тарафи мақомот амалӣ гардонида шудааст, ин пешниҳод намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо воситаи сомонаи расмии ноҳия мебошад. Айни ҳол ба таваҷҷӯҳи Шумо 4 лоиҳаҳои сармоягузориро пешниҳод менамоем. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баҳри рушду нумӯи кишвар ва беҳтар гардонидани шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат, ба ҳамкории судманд омода аст.

1. Лоиҳаи «Кӯдакон – ояндаи моянд»
Ҳадафи лоиҳа: "Мусоидат ба рушди кӯдакон ва таъмини ҷои корӣ ба занҳо".

Матни пурраи лоиҳа.


2. Лоиҳаи «Саломатии миллат – боигарии давлат»

Ҳадафи лоиҳа: "Баланд бардоштани савияи саломатии шаҳрвандони ҷамоатҳои деҳоти Ёва ва Ғозиён"

Матни пурраи лоиҳа.


3. Лоиҳаи «Истеҳсол ва коркарди мева ва сабзавот»

Ҳадафи лоиҳа: "Ғанӣ гардонидани бозори маҳаллӣ аз маҳсулотҳои хушккардашудаи хоҷагии қишлоқ ва бо ин таъсири мусбӣ расонидан ба беҳбудии амнияти ғизоӣ".

Матни пурраи лоиҳа.


4. Лоиҳаи «Хизматрасонӣ оиди ҷамъ намудан ва баровардани партовҳо»

Ҳадафи лоиҳа: «Беҳбудии ҳолати санитарӣ ва гигиении муҳити атроф»

Матни пурраи лоиҳа.

 

Search