Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Маълумотнома

E-mail Print PDF
There are no translations available.

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ноҳияи калонтарини вилояти Суғд маҳсуб меёбад. Майдони умумии ноҳия 2651,7 км2 буда, 4,1% майдони умумии вилоятро ташкил медиҳад. Аҳолии ноҳия ба ҳолати 1 январи соли 2016 353,9 ҳазор  нафар мебошад.

Ноҳия аз ҷануб бо ноҳияи Лайлаки вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон, аз ҷанубу ғарб бо ноҳияи Ҷаббор Расулов, аз шимолу шарқ бо ноҳияҳои Мастчоҳ ва Ашт ҳамсарҳад мебошад.

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 11 ҷамоати деҳот аз ҷумла  Хистеварз, Унҷӣ, Ёва, Ҳайдар Усмонов, Исфисор, Исмоил, Овчиқалъача, Ғозиён, Д.Холматов,  Зарзамин, Чашмасор ва маркази ноҳия – шаҳраки Ғафуров иборат аст.

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таърихи зиёда аз 3000-сола ва мероси ғании фарҳангиро дорост (Китоби «Парвозгоҳи Бузургон»)

Мувофиµи сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст, ки дар ҳудуди ноҳия зиёда аз се ҳазор сол пеш дар соҳили дарёи Сир ва сойи Хоҷабоқирғон мавзеъҳои аҳолинишин арзи вуҷуд доштанд, ки онҳо ҳамчун деҳаҳои Пули чуқур, шаҳри кӯҳнаи Хуҷанд маъмул мебошанд. Дарёфтҳои археологӣ, танга ва асбобҳои ороишӣ, ки ба давраи тахтнишинии Искандари Мақдунӣ тааълуқ доранд 3 ҳазорсолагии ноҳияро муайян менамоянд. Айни замон дарёфтҳои мазкур дар осорхонаи таърихии ноҳия ҷойгир мебошанд.

Дар ин давра истиқоматкунандагони ин диёр бо ҳунармандӣ, савдо, кишоварзö аз æумла парвариши пахта, ғалладонагиҳо ва чорводорӣ машҳур буданд. Бахусус ин соҳаҳо дар деҳаҳои Унҷӣ, Рӯмон, Ғозиён, Исфисор, Ёва ва Хистеварз ташаккул ёфта буданд. Пактакорӣ дар асрҳои миёна заминаи пайдоиш ва рушди минбаъдаи ресмонресӣ ба ҳисоб мерафт.

Ҷойгиршавии мусоиди ҷуғрофии ноҳия, аз ҷумла гузаштани Роҳи абрешим аз ҳудуди он такони бузург барои рушди минбаъдаи ноҳия гашт.

Оромгоҳи бародари Каюмарс асосгузори шаҳри Хуæанд, Хуæанд дар деҳаи Пуличуқури ҷамоати Ҳайдар Усмонов ҷойгир мебошад.

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (собиқ ноҳияи Хуҷанд) бо қарори Кумитаи иҷроияи Марказии СССР соли 1926 таъсис шуда, соли 1936 Ленинобод номгузорö шудааст. Бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон аз 27.10.1939 ноҳия ба сохтори вилоят шомил мешавад. 30 июни соли 1999 бахшида ба 90-солагии қаҳрамони Таҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров  номи ноҳия ба номи Бобоҷон Ғафуров номгузорö шуд. Маркази ноҳия, шаҳраки Ғафуров мебошад.

Иқлими ноҳия континенталии хушк буда, ҳарорати миёна дар фасли зимистон аз  -10 то -15◦C дараҷа сард, тобистон аз +27◦C до +36◦C дараҷа гарм мешавад. Ҳудуди ноҳия аз захираҳои канданиҳои фоиданок (санг, хок, шағал, рег) ва захираҳои об бой мебошад. Дарёи Сир ва сойи Хоҷабоқирғон соҳаи калони кишоварзӣ ва дигар соҳаҳоро бо об таъмин мекунанд. Табиат ва иқлими ноҳия барои рушди соҳаи кишоварзӣ мусоид мебошад.

Аҳолии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳолати 1 январи соли 2016-ум 353,9 ҳазор нафарро ташкил додааст, аз ҷумла 18,3 ҳазор нафар дар шаҳрак ва боқимонда 335,7 ҳазор нафар дар деҳот зиндагӣ мекунанд.

Аз рӯи µиёси ҷинсö 51% шумораи умумии аҳолии ноҳияро занҳо ташкил мекунанд. Аҳолии ноҳия гуногунмиллат буда, бештари онҳо тоҷикон мебошанд.

Ноҳия яке аз минтақаҳои пешрафтаи аграрию саноатии вилоят ва ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Ҳамзамон таъсисёбии корхонаи нави истеҳсолии “Хуаксин Ғаюр суғд семент“ барои ба ноҳияи саноатию аграрӣ табдил ёфтани он замина гузошт.

Кишоварзӣ соҳаи асосии пешбурди иқтисодиёт мебошад ва дар ҳаёти иқтисодии ноҳия нақши аввалиндараҷаро мебозад.   Ҳамасола суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба ҳисоби миёна то 10 фоиз рушд намуда, дар соли 2015 ба андозаи 789,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд.

Дар натиҷаи таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷм наздик 7000 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ва оилавӣ ташкил гардида, бо ин васила ислоҳот дар соҳаи кишоварзӣ имкон дод, ки самаранокии замин таъмин гардад.

Дар соли 2015 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 519,8 млн. сомониро ташкил дод, ки дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии ноҳия 65,8% мебошад. Дар структураи истеҳсоли зироатҳои растанипарварӣ сабзавоту ғалладонагиҳо афзалият доранд.

Ба рушди соҳаи боғдорию токпарварӣ низ солҳои охир дар ноҳия аҳамияти махсус дода мешавад.

Дар соли 2015-ум дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия  333 га боғ ва 9 гектар токзори нав шинонида шудааст, ки дар оянда барои зиёд намудани истеҳсоли  меваю ангур  ва инкишоф додани ин соҳа замина мегузорад. Дар ин маврид, ҷоизи қайд аст, ки моҳи марти соли ҷорӣ бо иштироки Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дар ҳудуди заминҳои навкорами ҷамоати деҳоти Чашмасор барои бунёди 685 гектар боғот заминагузорӣ карда шуда, дар зиёда аз 100 гектари он ниҳолҳои сиёҳолу шинонида шуданд. Ин иқдом имкон медиҳад, ки дар ноҳия содироти меваю сабзавот, азҷумла хушкмева рушд ёбад.

Саршумори чорво дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба ҳолати 1 январи соли 2016 -73714 сар, аз он ҷумла модагов 30164 сар, чорвои майдаи шохдор 193480 сар, парранда 584895 сарро ташкил медиҳад, ки сурати афзоиши саршумори чорво сол аз сол зиёд гардида истодааст. Ҷиҳати амалисозии нуктаҳои асосии дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар таъкидгардида оиди дар панҷ соли оянда таъмини аҳолии кишвар бо гӯшт ва маҳсулоти ширии истеҳсоли худӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шуда истодаанд. Бо ин мақсад дар ҷамоати деҳоти Зарзамини ноҳия бо ташаббуси соҳибкор Раҳмонов А. фермаи чорвопарварии “Афзали Зарзамин” бо шумораи 224 сар чорвои калони шохдори зоти олмонӣ ташкил карда шуда, он бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд. Бо супориши Сарвари давлат барои ба 1000 сар расонидани ин намудаи зоти чорво ба соҳибкор дастур дода шудааст.

Дар соли 2015 истеҳсоли намудҳои асосии маҳсулоти чорводорӣ, аз ҷумла гӯшт -7036 тонна, шир -33321 тонна, тухм -71,6 млн. дона, пашм -292,5 тонна ва асал -218,4 тонна истеҳсол гардидааст, ки ҳамаи нишондиҳандаҳо сол аз сол зиёд гардида истодааст.

Соҳаи саноат асосан аз корхонаҳои коркарди пахта ва дигар  маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ иборат аст.

Дар ноҳия 96 адад корхонаҳои саноатӣ мавҷуд мебошанд, ки истеҳсолот дар онҳо дар асоси коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст. Дар се соли охир дар ноҳия 30 адад  корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият шурӯъ карданд, ки дар онҳо зиёда аз 450 адад ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

Ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии ноҳия дар соли 2015 322,1 млн.сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати соли 2014 суръати афзоиш 136,4 фоиз таъмин карда шудааст.

Дар корхонаҳои саноатии ноҳия 2203 нафар кормандон фаъолият менамоянд, ки музди меҳнати миёнаи корхонаҳои саноатӣ дар соли 2015  835,15 сомониро ташкил кард.

Таъсисёбии корхонаи муштараки «Хуаксин Ғаюр Суғд  семент»  ба ноҳияи саноатию аграрӣ табдил ёфтан замина гузошт.

Ҳамзамон дар ноҳия корхонаҳои калони саноатӣ ба монанди  ҶДММ «Алфа ПЭТ», ҶДММ «Зерновая Компания», ҶДММ «Ободкори Хуҷанд», ҶДММ «Юсуф Саркор», ҶДММ «Сахо», ҶДММ «Ғаллаи Суғд», ҶДММ «Ширкати Азизӣ» фаъолият доранд, ки онҳо ба рушди соҳаи саноати ноҳия мусоидат карда истодаанд.

Дар соҳаи сохтмони ноҳия дигаргуниҳои куллӣ ба миён омаданд. Диққати асосии сохтмончиён ба истифодаи маҳсулоти сохтмони замонавӣ бо дизайнҳои нав нигаронида шуданд. Тӯли  солҳои охир дар ноҳия ба маблағи зиёда аз 416,6 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуда, ба маблағи 352,5 млн. сомонӣ корҳои пудратӣ ва 930,5 млн. сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои асосӣ азхуд карда шудааст.

Дар ин давра дар ноҳия сохтмон ва таъмиру тармим зиёда аз садҳо иншоотҳои истеҳсолӣ, маданию маишӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва  барқарокунии роҳҳою кӯпрукҳо, иншоотҳо  мавриди истифода қарор дода шуданд. Аз он ҷумла мактабҳои таҳсилоти умумии рақамҳои 13, 17, 23, 24, 29, 33, 50, 75, 80, 83, 84, комплекси хизматрасонӣ ва толори қабули меҳмон дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд, пул аз болои дарёи Сир дар ҷамоати деҳоти Ёва, чойхонаи миллии «Боғи Ваҳдат» дар ҷамоати деҳоти Исмоил, маркази савдои «Баракат» дар шаҳраки Ғафуров, бинои маъмурии Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқули ноҳия, бинои шӯъбаи бемориҳои дил дар беморхонаи ҷамоати деҳоти Хистеварз, корхонаи коркарди нафт «Нафти Темурмалик» дар ҷамоати шаҳраки Ғафуров, маркази саломатии деҳоти «Тоҷикистон» дар ҷамоати деҳоти Хистеварз, қасри маданияти «Арбоб» дар ҷамоати деҳоти Унҷӣ, бинои таълимӣ барои 600 хонанда, мактаб литсей ва хобгоҳ барои 140 ҷой, варзишгоҳ барои 5000 ҷойи нишаст дар ҷамоати деҳоти Хистеварз, Амфитеатри замонавӣ ва маҷмааи қасри қабули меҳмонон дар шафати қасри маданияти Арбоби ҷамоати деҳоти Унҷӣ ва даҳҳо корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ ба истифода дода шудаанд.

Ба муносибати ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони иншоотҳои ҳаётан муҳим ба мисли маркази фарҳангӣ дар шаҳраки Ғафуров, сохтмони бинои иловагӣ дар беморхонаи марказӣ, бунгоҳи тиббӣ дар ҷамоати деҳоти Исфисор идома дорад.

Муассисаҳои нақлиётии ноҳия дар раванди чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ҳаёти ҷамъиятии ноҳия саҳми арзанда мегузоранд.

Айни замон соҳаи нақлиёти истифодаи умум ва боркашонии ноҳия пурра хусусӣ гардонида шудааст ва хизматрасонии ин соҳа аз ҷониби 2000 нафар соҳибкорон амалӣ мешавад. Дар соҳаи нақлиёти ноҳия 20 адад муассисаҳо фаъолият мебаранд, ки аз он 8 адад  бо боркашонӣ ва 12 адад бо мусофиркашонӣ машғуланд. Дар ноҳия 622 адад нақлиёти боркашон ва 723 адад нақлиёти мусофиркашон фаъолият мебаранд.

Дар ҳудуди ноҳия Корхонаҳои пурқудрати Фурудгоҳи Байналхалқии Хуҷанд ва Роҳи Оҳан ҷойгиранд, ки тобеияти ҷумҳуриявӣ доранд.

Дар ҳудуди ноҳия ҳамагӣ 782,2 км. роҳҳо  мавҷуд буда, он дар раванди рушди иµтисодиёти на танҳо ноҳия, балки шаҳри Хуҷанд ва дигар ноҳияҳои қаламрави вилоят аҳамияти аввалиндарача дорад. Аз 782,2 км роҳҳои ноҳия дар мувозинаи муассиса 428,1 км. роҳҳои истифодаи умум қарор дорад, ки 102,1 км. роҳҳои аҳмияти байналмиллалӣ, 104,9 км. роҳҳои ҷумҳуриявӣ, 221,1 км. роҳҳои маҳаллӣ ва 354,1км роҳҳо роҳҳои байнихоҷагӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ҳудуди шаҳраку деҳоти ноҳия ҳамаи 4 барномаи давлатии телевизионии ҷумхуриявӣ - ТВТ, ТВ Сафина, Ҷаҳоннамо, Баҳористон ва вилоятӣ (ТВ Суғд СМ-1, Азия,) пахш мегардад. Ҳамчунин дар ҳудуди ноҳия аҳолӣ ба қабули мавҷҳои 4 радиостансия - «Радиои «Тоҷикистон» дар мавҷи 102.7 FM, «Садои Душанбе» - 100.2 FM, радиои «Фарҳанг» - 106 FM ва радио «Овози тоҷик» - 107.5 FM дастрасӣ дорад.

Дар ноҳия як рӯзномаи ҳафтавори «Хуҷанд» бо теъдоди зиёда аз 3000 нусха нашр мешавад. Ин ҳафтавор нашрияи мақомоти иҷроияи ноҳия ба шумор меравад. Ҳамчунин нашрияи соҳавии соҳаи маориф бо номи “Раҳбари дониш” ва радиои беноқили маҳаллӣ бо номи “Замон” мардуми ноҳияро бо навгониҳои маҳалливу ҷумҳуриявӣ шинос менамояд.

Бахши Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  яке аз корхонаҳои бонуфуз ва асосии алоқаи ноҳия маҳсуб меёбад. Дар он 48 нафар кормандон ва муҳандисон фаъолият мекунанд. Дар тавозуни корхона як шабакаи телефонии дорои 3487 рақами телефонӣ ва 5 пойгоҳи хурди деҳотии дорои 2060 рақам мавҷуд мебошад. Инчунин дар ноҳия 12 адад нуқтахои гуфтугӯи байнишаҳрӣ фаъолият мебаранд. Ин шабакаҳо байни худ бо ноқили нахи нурӣ пайваст буда, ба системаи марказии ягонаи алоқаи байналмилалӣ ҳамроҳ мебошад, ки ин барои пайвастшавӣ ба шабакаи Интернет ва почтаи электронӣ имконият медиҳад.

Дар  ин солҳо  даромади буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ дар соли 2015 нисбат ба соли 2000 мутаносибан 107,8 фоиз афзуда, аз 1301,7 ҳазор сомонӣ ва 1301,7 ҳазор сомонӣ, мутаносибан ба 140324,0 ҳазор сомонӣ ва 110157,0 ҳазор сомонӣ расонида шуданд.

Вобаста ба ин қисми хароҷоти буҷети ноҳия тадриҷан зиёд гардид. Агар дар соли 2000 қисми хароҷоти буҷети ноҳия 1301,7 ҳазор сомониро ташкил карда бошад, он дар соли 2015 ба 110157,0 ҳазор сомонӣ  баробар гардид.

Саривақт гузаронидани ислоҳоти системаи ҳифзи иҷтимоӣ  дар қаламрави ноҳия имконият дода истодааст, ки татбиқи маҷмӯи чорабиниҳои иҷтимоию иқтисодие, ки ба паст кардани сатҳи бекорӣ, баландравии нарх, беқурбшавии даромадҳои меҳнатӣ, таъминоти нафақа, кӯмаки суроғавии иҷтимоӣ нигаронида шуда, барои паст шудани сатҳи камбизоатӣ мусоидат намояд. Дар натиҷа имконияти марҳила ба марҳила баланд бардоштани сатҳи маош, даромади умумӣ ба ҳар як сари аҳолӣ пайдо гардида, аз соли 2010 то соли 2015  музди миёнаи  меҳнат аз 276,73 сомонӣ то ба 734,07 сомонӣ расида, 2,6 маротиба  афзоиш ёфт.

Нафақаи  миёнаи нафақахӯрон  аз 42,9 сомонии соли 2000  то ба 215,6 сомонӣ баланд бардошта шуд. Бо ин мақсад талаботи  нафақаю кӯмакпулиҳо сол аз сол афзуда, соли 2015 ба 6,1 млн., сомонӣ ё худ нисбати соли 2010 -2 маротиба зиёд гардид. Тибқи маълумоти оморӣ ба 01.01.2016 шумораи нафақахӯрон дар ноҳия 28488 нафар буда, андозаи миёнаи нафақа 215,52 сомониро ташкил медиҳад. Самти бо ҷойи кори таъмин намудани шаҳрвандон яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳисоб меравад. Дар ноҳия дар соли 2015 бо теъдоди 7393 ҷойҳои нави кори  таъсис дода, 768 нафар шаҳрвандони бекор бо корҳои доимӣ таъмин карда шуданд, ки сатҳи  расмии  бекорӣ моҳиятан коҳиш ёфта, он нисбати солҳои қабли 328 нафар коҳиш ёфтааст.

Ғанӣ гардидани буҷети ноҳия имконият дод, ки  маблағгузории соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сохтмони иншоотҳои муҳими давлатӣ тадриҷан  зиёд гардад.

Солҳои охир дар ноҳия тамоюли рушди соҳибкории хурду миёна ба назар мерасад, ки дар рушди соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқ, махсусан саноат, кишоварзӣ, сохтмон, савдо ва хизматрасонӣ  аҳамияти калон дорад. Дар сохтори соҳибкории хурду миёна  ҷойи муҳимро соҳаи хизматрасонӣ ишғол менамояд, ки дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти ноҳия муаррифӣ шудааст. Дар ноҳия ҳиссаи соҳибкорон хеле калон мебошад. Зеро аз тарафи соҳибкорон дар ин солҳо даҳҳо иншоотҳо сохта ба истифода дода шудааст, ки аз ҷумла чойхонаи миллӣ дар ҷамоати деҳоти Хистеварз аз тарафи соҳибкор Зуҳуров К., маркази тиҷоратии «Сомониён» аз тарафи соҳибкор Яҳёев Б., маркази савдои «Кавсар» аз тарафи соҳибкор Н.  дар ҷамоати шаҳраки Ғафуров, маркази савдои ҳозиразмон  «Азиз» дар ҷамоати деҳоти Унҷӣ, сохтмони мактаби №84 аз ҷониби соҳибкор Воситов Т. дар ҷамоати деҳоти Хистеварз, якчанд кӯдакистонҳо дар ҷамоатҳои Ғозиён, Хистеварз, Ҳ.Усмонов, Д.Холматов, шаҳраки Ғафуров, Ёва ва дар ҷамоати деҳоти Овчиқалача, инчунин таъмири роҳҳои ҳудуди ҷамоатҳои аз тарафи соҳибкорон ва даҳҳо корхонаҳо хурду истеҳсолӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Ҳамаи ин корҳои ободонӣ имкон дод, ки рушди соҳаи иҷтимоиёт беҳтар гардад.

Дар ноҳия 17 адад муассисаҳои томактабии тобеъи шуъбаи маориф, 3 адад муассисањои томактабии ташкилотњои дигар ва 9 адад муассисањои томактабии хусусӣ  амал менамояд, ки дар онҳо зиёда аз 5000 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Дар қаламрави ноҳия 89 адад муассисањои таълимии тањсилоти асосӣ ва миёна, аз љумла 76 адад мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 адад мактабҳои таҳсилоти умумии  асосӣ, 1 адад Мактаби хонандагони болаёқат, 2 адад гимназияҳои давлатӣ, 3 адад гимназияњои хусусӣ, 1 адад мактаби хусусии таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 адад мактаб-парваришгоҳи махсуси ношунавоён фаъолият доранд. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 63411 нафар хонандагон ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Аз ин миқдор муассисаҳои номбурда 4 адад мактаб, 1 адад гимназия, 1 адад маркази таҳсилоти иловагӣ дар шаҳраки Ғафуров ҷойгир буда, боқимондаи онҳо дар деҳот қарор доранд.

Дар ноҳия як адад мактаб-парваришгоҳи махсуси ношунавоён амал мекунад, ки дар он аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят 287 нафар кӯдакон, аз љумла 117 нафар духтарон таҳсил доранд. Ҳамчунин дар ноҳия литсейи касбӣ-техникӣ амал менамояд.

Дар 5 соли охир миқдори мактабҳои намуди нав  ба 3 адад, аз он ҷумла гимназияи хусусии «Сафина», «Нури Ирфон»,  муассисаи махсусгардонидашудаи хонандагони болоёқат ташкил карда шуданд.

Солҳои охир сафи иштирокчиён дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ зиёд гардида истодааст. Дар соли 2013 - 4 нафар хонандагони макотиби ноњия дар олимпиадаи фосилавии байналхалќӣ, ки дар шањри Новосибирск баргузор гардида буд, иштирок намуда, сазовори љойи дувум гашта бошанд, пас дар соли 2014  њамагӣ  6 нафар, аз љумла  4 нафар толибилмон дар озмуни фосилавии дар шањри Новосибирски Федератсияи Руссия ва 2  нафар дар озмун-фестивали байналхалќии шањри Карамайи Љумњурии Халќии Хитой иштирок намуда, соњиби љойњои   ифтихорӣ   гаштанд.

Дар соли 2015 ин нишондод ба 8 нафар расонида шуд, ки  нисбати соли 2013 4 нафар зиёд мебошад.

Дар ҳудуди ноҳия 105 адад муассисаи тиббӣ фаъолият мебаранд, аз он ҷумла, 1 адад беморхонаи маркази ноҳиявӣ, 3 Беморхонаи минтақавии деҳотӣ, 7 Беморхонаи ноҳиявии рақамӣ, 1 беморхонаи касалиҳои  рӯҳӣ, 31 адад марказҳои саломатӣ, 50 адад хонаҳои саломатӣ, 3 адад клинакаҳои хусусӣ, 7 адад дармонгоҳу амбулаторияҳои хусусӣ ва 7 адад марказҳои махсусгардонидашуда ба монанди ташаккули тарзи хаёти солим, пешгирии бемориҳои сил, маркази пешгирии ВНМО, кӯдакон, эмтаъминкунӣ,  1 стансия ва 11 шӯъбаи ёрии таъҷилӣ ва маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологии ноҳия фаъолият мебаранд.

Беморхонаи марказии ноҳиявӣ дар соли 1959 сохта шудааст. Беморхонаи марказии ноҳия аз 18 шӯъба иборат мебошад, аз ҷумла шӯъбаҳои амрози дарунӣ, ҷарроҳӣ, ҷароҳии кӯдакона, амрози занона, таваллуд, чашм, гӯшу гулӯ ва бинӣ, амрози гурда, шӯъбаи амрози дил, осебшиносӣ, шӯъбаи қабул, физиотерапевтӣ, шӯъбаи эҳё, амрози асаб ва ғайраҳо.

Бо мақсади дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ оғози соли ҷорӣ таъмири бинои иловагии беморхонаи марказии ноҳия аз тарафи буҷети ноҳия ба маблағи зиёда аз 1,0 миллион сомонӣ  маблағгузорӣ гардида, корҳои таъмирӣ дар арафаи анҷоёбӣ қарор дорад.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 55 муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла, 17 адад клубҳо, 31 китобхона, мактаби санъат ва ансамбли «Шашмақомхонон» фаъолият дорад.

Бо ҳамкории пурсамари клубҳо, китобхонаҳо, мактаби санъат, ансамбли «Шашмақомхонон» ва санъаткорони хонаҳои маданияти шаҳраку деҳаҳои ҷамоатҳои қаламрави ноҳия чорабиниҳои рангину хотирмон бо риояи анъанаву арзишҳои маънавии миллӣ  ташкил  ва баргузор карда мешаванд.

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти кории кормандон ва дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ таҷҳизотҳои зарурӣ аз қабили тақвияти овоз, компутерҳои замонавӣ, асбобҳои мусиқӣ, сару либоси саҳнавӣ, мизу курси ва ҷевонҳо харидорӣ карда шуда, муассисаҳои фарҳангии ҷамоатҳои дурдасти ноҳия, аз ҷумла клуби ҷамоати деҳоти Чашмасор, Исмоил, Овчиқалача аз таъмири хушсифат бароварда шуд.

Дар маркази ноҳия шаҳраки Ғафуров сохтмони маҷмааи фарҳангию фароғатӣ оғоз гардида, то арафаи таҷлили тантанаҳои 25-солагии Истиқлолият ба як ҷои фароғатии зебои замонавӣ барои истироҳати бофароғати мардум бо фаввораҳо омода гардида истодааст. Толори кинотеатри “Шарқ” дар маркази ноҳия аз таъмири хушсифат бароварда шуда, ба истифода дода шуд.Дар миқёси ноҳия 1 осорхонаи ҷумҳуриявӣ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва 1 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият мебарад. Инчунин дар миқёси ноҳия 82 адад ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ қарор дошта, 7 адади онҳо ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангии аҳамияти ҷумҳуриявӣ мебошад. Ёдгориҳои таърихӣ дар арафаи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ аз ҷумла 70-солагии Иди Ғалаба, 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии ноҳия бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон таъмир гардида истодааст.

Дар ноҳия ёдгориҳои таърихӣ ба монанди қасри Маданияти Арбоб, муҷассамаи Бобоҷон Ғафуров, муҷассамаи “Аскари номаълум”, муҷассамаи “Исмоили Сомонӣ”, нимпайкараи “Ҷаббор Расулов”, “Р.Набиев”, нимпайкараи қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ “Ф.Ахмедов”, “Д.Азизов”, “Ҳоди Кенҷаев”, “Саидхоҷа +рунхӯҷаев”, мазори “Хоҷабоқирғон”, мазори “Чашмаи арзана” дар руҳияи хештаншиносию зебоипарастӣ насли наврасро барои тарбияи намудан хизмат мерасонад.

Ҳаваскорони ҷавони ноҳия дар чорабиниҳои фарҳанги ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ баромад намуда, дар озмунҳои “Овози тиллои”, “Китобдори беҳтарини сол”, “Шукуфаҳои истиқлол”, “Дунёи саодат”, “Сурудхони дар ҷанри опера”, “Рақс бикун ҷоно” соҳиби ҷойҳои аввал гардиданд. Ҳамзамон бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба “Соли 2015 - соли рушди фарҳанг” дар вилоят ғолиби озмуни вилоятӣ эътироф карда шуд.

Такмилёбии дастаи ҳунарии рақсии «Садбарг», ансамбли «Шашмақомхонон» даҳҳо дастаҳои ҳунарии шаҳраку ҷамоатҳо ба майдони фарҳанги ноҳия симоҳои нави эҷодиро тавлид намуд. Мазмуну ғояҳои озмунҳои фарҳангӣ аз қабили сурудҳои бачагона, хорсароён, ғиҷҷакнавозон, найнавозон, таронаҳои эстрадӣ, ансамблҳои  оилавӣ, театрҳои халқӣ сайқал ёфта, дар ҳамбастагӣ  ва ҳамгироӣ ба чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ ҳусну шаҳомати  бошукӯҳ бахшида истодаанд. Маҳсули фаъолияти муштарак, таҷрибаи бой ва мазмуну ғояҳои нави фарҳангӣ натиҷа дод, ки дар  фестивали ҷумҳуриявии «Дунёи саодат» соҳаи фарҳанги ноҳия сатҳи баланди эҷодии худро пешкаши тамошоби-нони ҷумҳурӣ намуда,  сазовор баҳои баланд гардад.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 3 мактаби варзишии бачагону наврасон фаъолият мебаранд, ки миқдори умумии аъзоёнаш 840 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди умумии кормандони мактаби варзиши 33 нафар аст, ки 24 нафари онҳоро муррабиён ташкил менамоянд. Ба ғайр аз ин дар ноҳия 19 адад толори варзишӣ, 63 майдончаи варзишӣ ва 4 варзишгоҳ мавҷуд аст.

Ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ, байналхалқӣ ва чемпионати Ҷаҳон дар соли 2015 варзишгарони ноҳия дар 81 мусобиқаҳо аз он ҷумла: 41 мусобиқаҳои ноҳиявӣ ва дохилӣ, 18 мусобиқаҳои вилоятӣ, 17 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва 9 мусобиқаи байналмиллалӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои сазовор гаштанд. 

Натиҷаи иштироки варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳо

дар нимсолаи якуми соли 2016 

Номгӯи мусобиқаҳо

Шумораи мусобиқа


Шумораи иштирок

чиён

Медалҳо


тилло

нуқра

биринҷӣ

1.

Ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва дохилӣ

32

10069

106

110

117

2.

Вилоятӣ

18

351

29

21

56

3.

Ҷумҳуриявӣ

12

72

9

17

14

4.

Байналхалқӣ

4

15

-

3

-


Ҳамагӣ:

64

10507

144

151

187


Баҳри дар татбиӣ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2016, №АП-681 “Дар бораи гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ” дар асоси қарори раиси вилояти Суғд, қарори дахлдори раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба тасвиб расонида шуда, дар ин мусобиқа ҳамаи 12 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, 50 деҳаҳо, зиёда аз 100 маҳаллаҳо ва кулли мардуми ноҳия иштироки фаъолона доштанд.

 

Official sites

Agency staff

Region in photos

Visitors

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterToday1048
mod_vvisit_counterThis week6767
mod_vvisit_counterThis month36710
mod_vvisit_counterAll days1233952

Log in administrator

Log in administrator

Мо дар Facebook

Search