Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Қарори Раиси ноҳия № 128

E-mail Print PDF

аз  13 феврали соли 2013                                                                      № 128

Дар бораи ташкил ва гузаронидани озмуни
ноҳиявии «Мутахассиси беҳтарини сол»


Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», бахшида ба 22-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таъмини иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 05.02.2013, №27, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва эътибори касбҳое, ки ба рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, тақвиятбахшии сифати истеҳсолот ва хизматрасонӣ мусоидат мекунанд, дарёфту ҷалби мутахассисони варзида, шахсони соҳибистеъдод ва ҳавасмандию қадршиносии онҳо,

қарор мекунам:

1. Дар ҳудуди ноҳия моҳҳои феврал-сентябри соли 2013 озмуни «Мутахассиси беҳтарнии сол» гузаронида шавад.

2. Ҳайат ва Низомномаи комиссияи озмуни ноҳиявии «Мутахассиси беҳтарини сол» тасдиқ карда шавад (замимаи 1,2).

3. Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, раёсату шӯъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  нақшаи тарғиб ва дар сатҳи баланд гузаронидани озмуни ноҳиявии «Мутахассиси беҳтарини сол»-ро тартиб дода, то 20 феврали соли 2013 рӯихати мутахассисони арзандаро аз рӯи 25 номгӯй, мувофиқи Низомномаи озмун ба Комиссияи озмун пешниҳод намоянд.

4. Ба ҳафтаномаи ноҳиявии «Хуҷанд», радиои маҳаллии ноҳия, моҳвораи «Роҳбари дониш» супорида шавад, ки роҷеъ ба баргузории озмун маводҳо нашр ва дастраси аҳли ҷомеа гардонанд.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини аввали Раиси ноҳия Атаев С.Б. ва муовинони Раиси ноҳия Қосимова Б.Ҷ., Орифов О.Ҷ. ва Мамадҷонов М.Т. гузошта шавад.


Раиси ноҳия                        С.Мирхолиқов

Матни пурраи Қарор ва замимаҳояш.

 

Official sites

Agency staff

Region in photos

Visitors

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterToday2436
mod_vvisit_counterThis week20249
mod_vvisit_counterThis month60777
mod_vvisit_counterAll days2116586

Log in administrator

Log in administrator

Search