Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Тарҷумаи ҳол

Назирӣ Зариф Вализода

E-mail Print PDF
There are no translations available.

Назирӣ Зариф Вализода 11 июли соли 1973 дар шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд), дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Миллат тоҷик. Соли 1988 баъди хатми синфи 8-и мактаби миёнаи №22-и ба номи Ҷабор Расулови шаҳр ба Политехникуми Осиёи Миёнагии шаҳри Чкалов дохил шуда, соли 1992 онро бо ихтисоси техник-бинокор хатм намудааст. Минбаъд таҳсилашро дар Донишгоҳи озоди Тоҷикистон (аз рӯи ихтисоси иқтисодчӣ), Донишгоҳи андоз ва ҳуқуқ (бо ихтисоси ҳуқуқшинос) ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (бо ихтисоси муҳандис-мелиоратор) ғоибона идома дода, соҳиби се маълумоти олӣ гардидааст.

Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1992 дар омӯзишгоҳи касбӣ техникии №75-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳайси техник-бинокор оғоз намудааст. Солҳои 1993-1996 мушовири Ҷамъияти саҳҳомии “МОГАЛ-ЛТД”, солҳои 1996-2001 мутахассиси пешбари бонки тиҷоратии “Хуҷанд”, давоми соли 2001 корманди Нозироти андози вилояти Суғд, 2001-2002 мушовири Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи “Поиск”, солҳои 2002-2003 мутахассиси пешбари идораи тиҷорат ва алоқаи Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2003-2004 прораби колонаи сайёри механиконидаи №20, 2004-2007 сардори Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи колоннаи сайёри механиконидаи №27, солҳои 2009-2012 сардори идораи хоҷагии оби ноҳияи Конибодом, солҳои 2012-2014 сардори идораи давлатии хоҷагии оби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, соли 2014 то аввали соли 2016 сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд. аз 11 январи соли 2016 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъин гардидааст.

Оиладор, соҳиби 5 нафар фарзанд.

 

Official sites

Agency staff

Region in photos

Visitors

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterToday702
mod_vvisit_counterThis week7047
mod_vvisit_counterThis month23828
mod_vvisit_counterAll days1271403

Log in administrator

Log in administrator

Мо дар Facebook

Search