Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Ваколатҳои Раиси ноҳия

E-mail Print PDF

Ваколатҳои Раиси ноҳия дар моддаи 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» омадааст:

Раиси ноҳия чунин ваколат дорад:

- иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқро даъват менамояд ва ба он раисӣ мекунад;

- ба корҳои тайёрии гузаронидани иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ роҳбарӣ мекунад, рўзномаи иҷлосияро тартиб медиҳад;

- риояи дастури Маҷлиси вакилони халқро таъмин менамояд;

- фаъолияти комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқро ҳамоҳанг месозад;

- ба қарорҳо, протоколҳо ва санадҳои дигари Маҷлиси вакилони халқ имзо мегузорад;

- лоиҳаи буҷети ноҳияро барои қабул ба Маҷлиси вакилони халқ пешниҳод менамояд, пас аз қабул иҷрои онро таъмин менамояд, оид ба он ҳисобот медиҳад;

- барои тасдиқи Маҷлиси вакилони халқ барномаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар барнома ва нақшаҳои рушди иҷтимоии маҳалро пешниҳод менамояд ва оид ба иҷрои онҳо дар иҷлосия ҳисобот медиҳад;

- дар доираи ваколати худ оид ба таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва пурзўр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо чораҳо меандешад, ҳангоми рўй додани офатҳои табиӣ, эпидемия ва дигар ҳолатҳои фавқулодда тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, таъмини кўмаки тиббию санитарӣ, беҳбудии санитарию эпидемиологии аҳолӣ тадбирҳо меандешад;

- ноҳияро дар доираи салоҳиятҳои худ дар хориҷа, дар муносибат бо мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳо ва шаҳрвандон намояндагӣ мекунад;

- нақшаҳои минтақавии тарҳрези, умумии сохтмони марказии ноҳияро таҳия намуда, ба Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод менамояд;

- ба баррасии роҳбарони мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия дар бораи фаъолияти сохтори маҳаллии онҳо дар ноҳия дар сурати иҷро накардани талаботи қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои Раиси ноҳия пешниҳод манзур менамояд. Агар сохтори маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия камбудиҳоро бартараф накунад, хулосаи дахлдори худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- дар бораи бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонидан бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол менамояд;

- мувофиқи сохтори намунавии тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори дастгоҳи раисро тасдиқ менамояд (Қонун аз 3.12.2009 № 576);

- дар доираи шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷадвали воҳидҳои кории дастгоҳи раис ва сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро, ки аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, тасдиқ менамояд (Қонун аз 3.12.2009 № 576;

- муовини якум ва муовинони худро дар доираи лимити шумораи умумии муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- роҳбари дастгоҳи раис ва кормандони дастгоҳро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд (Конун аз 3.12.2009 № 576);

- роҳбарони корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳоро, ки ба моликияти коммуналии ноҳия асос ёфтаанд, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияро дар ноҳия, ки аз буҷети маҳаллии дахлдор маблағгузорӣ мешаванд, бо розигии хаттии роҳбарони мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд ва барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод менамояд. Муқаррароти мазкур барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони мақомоте, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро муайян намудаанд, татбиқ намешавад (Конун аз 21.11.2006 № 211);

- барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии ноҳия, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешаванд ва дигар ташкилотҳои давлатии дар маҳал воқеъбуда розигии хаттӣ медиҳад ва пас аз ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудан барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод менамояд. Муқаррароти мазкур барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони мақомоти заминсозӣ ва мақомоте, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро муайян намудаанд, татбиқ намешавад;

- моликияти коммуналии ноҳияро дар доираи ваколати худ идора менамояд;

 

- дар давоми сол на камтар аз як маротиба ба Маҷлиси вакилони халқ дар бораи иҷрои нақшаҳо ва барномаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ҳудуди дахлдор, ҳолати хоҷагидорӣ, истифода ва идораи объектҳои моликияти коммуналии дахлдор ҳисобот медиҳад;

- ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар бораи бекор кардани санадҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, ки ба Конститутсия ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф мебошанд, пешниҳод манзур менамояд;

- иҷрои Конститутсия, қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, Маҷлиси вакилони халқи ва ноҳияро таъмин менамояд;

- тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои оид ба заминро ҳал менамояд;

- назорати истифодаи табиат, сохтмон ва азнавсозии иншоотҳои ҳифзи табиатро таъмин менамояд;

- ташкилотҳо, муассисаҳо ва корхонаҳои давлатиеро, ки ба моликияти коммуналии дахлдор асос ёфтаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва барҳам медиҳад;

- тартиби ташкил ва фаъолияти машварати назди Раисро бо риояи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;

- дар доираи ваколати худ барои пешбурди фаъолият, ҳамчунин омода намудани масъалаҳо барои баррасӣ, татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳоро таъсис дода, ҳайат ва мўҳлати фаъолияти онҳоро тасдиқ ва ваколати онҳоро муайян менамояд;

- қабули шаҳрвандонро ба роҳ мемонад, арзу шикоят ва таклифҳои онҳоро баррасӣ менамояд;

- дигар ваколатҳоеро, ки Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд, амалӣ менамояд.

- Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои ваколати худ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти болоӣ ва Маҷлиси вакилони халқи дахлдор ҳисоботдиҳанда ва масъул мебошад.

Роҳбариро ба фаъолияти мудофиаи граҷданӣ ва комиссияи ҳолати ҳолатҳои фавқуллода дар ноҳия анҷом медиҳад.

Фаъолияти тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва мақомотҳои амниятии ҷамъиятро ҳамоҳанг месозад.

Таъмини ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бо сохторҳои қудратӣ, шӯъбаи корҳои дохилӣ, кумитаи амнияти ноҳия, мақомоти прокуратура, судҳои шаҳрвандӣ, адвокатура, комиссириати ҳарбӣ, кумитаи гумрук ва кӯшунҳои сарҳадӣ.

 

Chairman of region

Раиси ноҳияи ...........

Ном, Насаб

Номи падар

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Official sites

Agency staff

Region in photos

Visitors

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterToday1025
mod_vvisit_counterThis week10738
mod_vvisit_counterThis month42445
mod_vvisit_counterAll days2188117

Log in administrator

Log in administrator

Search