Санаи 1 июли соли 2019 даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар Қасри фарҳанги маркази ноҳия доир карда шуд.

Озмуни мазкур бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иқрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари  дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон ташкилу баргузор шуд.

Дар асоси низомномаи пешниҳодгардида аз рӯи номинатсияҳои муқарраргардида 78 нафар довталабон номнавис гаштанд. Аз рӯи номинатсияи оҳангсоз 6 нафар, сароянда 28 нафар, навозанда 22 нафар, шоир 10 нафар ва ровӣ 12 нафар дар озмуни мазкур ширкат варзинад. Ҳунармандӣ касбӣ – 30 нафар, донишҷӯ - 5 нафар, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва мактаби санъат – 38 нафар ва соҳаҳои мухталиф – 5 нафар ширкат варзиданд.

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз78
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта395
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1589
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта4435
mod_vvisit_counterҲамин моҳ9613
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта13165
mod_vvisit_counterҲамагӣ125623