Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи чоруми Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия ташкилу баргузор карда шуд.

Ҷаласаро раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Дадоҷонов Каримҷон оғоз намуда, тибқи тартиби тасдиқгардида ҳайати раёсати ҷаласа, котибот ва рӯзномаи масъалаҳои баррасишавандаро эълон намуда барои тасдиқ ба овоз гузошт.

 

 

Аз рӯи масъалаи якум «Дар бораи вазифаҳои ташкилоти собиқадорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» маърузаи Дадоҷонов К. шунида шуд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома «Дар бораи фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии собиқадорони ноҳия» гузориши муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Дадохӯҷаев Норхӯча шунида шуд. Дар музокираронӣ Қаландарова М. – раиси ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача, Ҷабборов Ш. – раиси ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти Хистеварз ва Дадохӯҷаев З. – собиқадори соҳаи маориф иштирок намуданд.

Дар кори ҷаласа муовини Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Комилӣ М.М. ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар вилояти Суғд Раҳматов Т. иштирок ва суханронӣ намуданд.

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз99
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта420
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта2721
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта3135
mod_vvisit_counterҲамин моҳ8671
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта15058
mod_vvisit_counterҲамагӣ169686