Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд санаи 12 июли соли 2019, соати 09:00 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Маҷлиси фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2019 баргузор гардид.

Дар маҷлиси мазкур роҳбари гурӯҳи кории 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раиси Кумитаи идораи заминсозии вилояти  Суғд –  Умарзода Ҷамшед, инчунин муовинони Раиси ноҳия, сардорони идораю кумитаҳо ва шуъбаҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони хоҷагиҳо, ташкилоту муассисаҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатии калон ва намояндагони воситаҳои ахбори умум иштирок намуданд.

Аз рӯи масъалаи “Натиҷаҳои ҷамъбасти иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2019” муовини якуми Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Орифӣ Фаррух Абдуллозода маърӯзаи муфассал намуд.

Баъдан, аз ҷониби роҳбарият, як қатор роҳбарони ташкилоту идораҳо ва ҷамоатҳо, бобати фаъолияти кориашон ва иҷроиши дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия пурсиш карда шуданд.

Ҳамзамон, роҳбари гурӯҳи кории 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ баромад намуда, бобати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати баланд бардоштани рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас баён намуд.

Дар охир аз ҷониби Раиси ноҳия дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд ба масъулон ва фаъолон як қатор вазифагузориҳо бобати ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои назаррас баён карда шуд.

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз125
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта420
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта2747
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта3135
mod_vvisit_counterҲамин моҳ8697
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта15058
mod_vvisit_counterҲамагӣ169712