Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қабл аз маросими оғози корҳои роҳсозӣ бо сокинони ҷамоат суҳбат намуда, оид ба корҳои ободониву созандагӣ, ки дар қаламрави вилоят ҷараён доранд, маълумот дод.

Қайд карда шуд, ки дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 6500 иншооти таъиноташон гуногун сохта мешаванд. Дар ин раванд ба таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳо низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, танҳо дар соли равон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мумфаршкунии беш аз 100 километр роҳҳои мошингард ба нақша гирифта шудааст.

 

Илова бар ин, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон ва ашхоси саховатманд роҳи деҳаву ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо низ мумфарш ва таъмиру тармим мегардад. Таъкид гардид, ки мумфаршсозии роҳи кӯчаҳои Шифокор ва 1-уми май маҳз бо саҳмгузории сокинону саховатмандон оғоз ёфта, дар маҷмуъ 1,6 км роҳи кӯчаҳои зикршуда мумфарш мегардад.

Раиси вилоят аз иқдоми созандаи сокинони ҷамоат истиқбол карда, иброз дошт, ки бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят то имрӯз 12,4 км роҳҳои ноҳия пурра мумфарш карда шуд. Саҳмгузории сокинон дар ободонии роҳҳо бошад барои боз ҳам ободу зебо гардидани маҳал мусоидат мекунад.

Ёдовар бояд шуд, ки соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъмир ва мумфаршкунии 259,1 км роҳҳо ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 110,1 км роҳҳои ҳудуди ноҳия навсозӣ гардидааст. Аз ҷумла, 18 км мумфарш, 61 км таъмири ҷорӣ ва 31,1 км шағалпӯш карда шудааст.

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз86
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта395
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1597
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта4435
mod_vvisit_counterҲамин моҳ9621
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта13165
mod_vvisit_counterҲамагӣ125631