Рӯзи 12 июл дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдончаи варзишии “Сипар” мавриди истифода қарор гирифт, ки дар маросими ифтитоҳи он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбари гуруҳи корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии мамлакат Ориф Хоҷазода иштирок намуданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо сокинон ва варзишгарони ноҳия иброз дошт, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба таъмини оммавияти варзиш,  ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш ва муҳайё намудани имкониятҳои мусоиди инфрасохторию ташкилӣ барои варзишгарон тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Таъкид карда шуд, ки маҳз дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас ва барномаҳои соҳавии давлатӣ давоми нимсолаи аввали соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо маблағгузорӣ аз сарчашмаҳои гуногун 11 майдончаи варзишӣ ва 1 корти теннис сохта ба истифода дода шуд.

Майдончаи варзишии “Сипар” бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Ворисхӯҷа Сулаймонов бунёд гардида, барои бозии фурболи хурд мутобиқ гардонида шудааст.

Хотирнишон бояд кард, ки мувофиқи маълумоти оморӣ дар ноҳия 222 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 5 варзишгоҳ, 150 майдончаи варзишӣ, 61 толори варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ ва 4 иншооти махсуси варзишӣ аз қабили фитнес-клубҳо фаъолият доранд.

Дар нимсолаи аввали соли 2019 дар ноҳия 25 мусобиқаи гуногуни варзишӣ бо ҷалби 783 варзишгар (90 бонувон) гузаронида шуд. Дар натиҷа аз ҳисоби ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳо дастаи мунтахаби ноҳия дар ҳайати 114 варзишгар муайян гардид ва варзишгарони ноҳия дар 17 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ба гирифтани 28 медали тилло, 15 медали нуқра ва 30 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд.

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз84
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта420
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта2706
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта3135
mod_vvisit_counterҲамин моҳ8656
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта15058
mod_vvisit_counterҲамагӣ169671