Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Шурои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд санаи 23 июли соли 2019 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти Шурои ноҳиявии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2019 ташкилу баргузор карда шуд.

Кори ҷаласаро мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия Халифаёр Парвиз Неъматзода роҳбарӣ намуда, иштирокдоронро бо масъалаҳои баррасишавандаи ҷаласаи Ҳаракати ноҳиявӣ шинос намуд.

Аз рӯи масъалаи «Оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Шурои ноҳиявии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2019» муовини озоди Раиси Шурои ноҳиявии Ҳаракат Сатторова Оиша Тоҷибоевна маърӯзаи муфассал пешниҳод намуд. Дар музокираронӣ раиси ташкилоти ибтидоии Ҳаракат дар Ҷамоати деҳоти Исмоил Абдуллоева Лола Нуруллоевна, раиси Шурои пиронсолони Ҳаракати ноҳиявӣ Дадоҷонов Каримҷон, раиси ташкилоти ибтидоии Ҳаракат дар хоҷагии ба номи А.Ҷумъаев Турсунова Дилбар ва аъзои Шурои ноҳиявии Ҳаракат - Каримов Ҳасан Эшонович иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар кори ҷаласаи ҳисоботӣ мушовири калони Шурои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мирпочоева Мавҷуда Қобиловна иштирок ва суханронӣ намуд.

Аз рӯи масъалаҳои баррасигардидаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз60
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта827
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1442
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта4495
mod_vvisit_counterҲамин моҳ17611
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта23962
mod_vvisit_counterҲамагӣ478630