Оғози мумфаршкунии роҳи Хуҷанд-Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

30 июн бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои мумфаршкунии роҳи Хуҷанд-Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз бахшида шуд.

 

Роҳи мазкур, ки тавассути он сокинони шаҳру ноҳияҳои Истаравшан,  Бобоҷон Ғафуров, Шаҳристон,  Спитамен,  Ҷаббор Расулов, Деваштич, Панҷакент,  Айнӣ,  Кӯҳистони Мастчоҳ ба маркази вилоят ва баръакс равуо мекунанд,  солҳо инҷониб таъмир нашуда буд. Ҳамакнун ин роҳ дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масофаи 1,5 км мумфарш карда мешавад.

Паҳноии ин роҳ то ба 13 метр расида, ҷӯйбори ду канори роҳ ба тартиб оварда шуда, чароғонкунии кӯча низ ба нақша гирифта шудааст.

Раиси вилоят ба корҳои мумфаршкунӣ оғоз бахшида,  зимни суҳбат бо сокинон таъкид кард, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дошта, то имрӯз 7000 иншоот дар вилоят ба истифода дода шуд. Дар ин раванд мумфаршкунии роҳҳо низ вусъат ёфта,  танҳо дар соли равон 300 км роҳҳои шаҳру ноҳияҳо пурра мумфарш хоҳад шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз сокинон даъват намуд, ки дар ободонии маҳал ва биноҳои истиқоматӣ саҳми худро гузошта, кӯчаву маҳаллаи хешро тозаву озода нигоҳ доранд.

Сокинон Мукаррама Сатторова ва Содирхон Умаров ба роҳбарияти давлату Ҳукумат барои иҷрои кори хайр ва мумфаршкунии роҳи мазкур миннатдории худро баён доштанд.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.