Иҷлосияи ҳафтуми маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (даъвати шашум)

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҳти раёсати Раиси ноҳия, Зафарбек Давлатзода иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, даъвати шашум баргузор гардид.
Аз рӯи рӯзномаи аввали иҷлосия муовини аввали раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Абдуллозода Фаррух Орифӣ оид ба рафти иҷрои «Қарори Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019 – 2030» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маърӯза кард.
Таъкид гардид, ки рафти иҷрои қарори мазкур тибқи қарори раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров №308 аз 30.05.2019 таҳти назорати доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарор дорад. Қабул ва амалисозии Стратегияи миллии Ҷумҳуриии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019 – 2030 барои кишвар иқдоми муҳим мебошад. Ҳадафи Стратегияи мазкур паст кардани хавфи ҷойдошта ва пешгирии хавфи нави офатҳои табиӣ буда, барои амалисозии ҳадафи он якчанд вазифаҳои асосӣ пешбинӣ гардидааст, ки он аз масъулини соҳа таҳлили пайвастаро, чиҳати арзёбӣ оид ба зиён ва оқибатҳои офати табиӣ, минтақа ва оилаҳои осебпазир талаб менамояд. Дар байни хавфҳои табиии дар ноҳия мушоҳидашаванда омадани сел дар мавсими баҳорон бештар ба назар расида, яке аз самти фаъолияти пешгирӣ ин соҳилмустаҳкамкунӣ мебошад, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар якҷоягӣ шуъбаи раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳия, ҳамасола ҷиҳати гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеъҳои хавфноки ноҳия чораҳои саривақтӣ меандешад.
Дилором Турсунзода, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба Комиссияи доимии Маxлиси вакилони халrи ноҳия оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, ҳифзи табиат, оила ва занон ҳисобот дода, афзуд, ки Комиссияи мазкур барои дар амал татбиқ намудани Барномаҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, табиат, оила ва занон бо мақоматҳои салоҳиятдор ҳамкорӣ намуда, дар доираи салоҳияти худ, ҷиҳати таъмини иҷрои қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки вобаста ба масъалаи мазкур қабул гардидаанд, санҷишҳо гузаронида, тавсияҳои заруриро таҳия ва ба мақомоти дахлдор пешниҳод менамояд. Ҳамзамон корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳиро оид ба санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, татбиқи Барномаи давлатии «Пешгирии зeроварӣ дар оила» байни қишрҳои гуногуни ҷомеа пурзӯр менамояд.
Сипас, тибқи рӯзнома вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии "Зарзамин", №8 Абдуллоҷонов Мухторҷон Тоҷибоевич оид ба рафти иҷрои ваколатҳои вакилиаш ҳисобот дод.
Дар иҷлосия ҳамзамон ворид намудани илова ба Дастури Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баррасӣ гардида, вакилон оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 24 сентябри соли 2018, №306 «Оид ба тасдиқи нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия», қарори Раиси ноҳияи Бобоxон Ғафуров аз 25.05.2021, №292 «Дар бораи зарари офатҳои табиӣ», «Дар бораи таъсиси Комиссияи танзими истифодабарии чарогоҳ», «Дар бораи даровардани тағйирот ба буҷети ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои соли 2021 ва ҷудо намудани маблағ» қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Дар иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (даъвати шашум) муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Ёқубӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Дафтари матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.