Санаи 22 октябри соли 2019 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъват карда шуд.

Раиси Маҷлиси ноҳиявӣ Зариф Назирӣ кори маҷлисро оғоз намуда, ҳузури муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимиро ба кори иҷлосия муаррифӣ намуд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи тасдиқгардида «Оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №455 «Дар бораи Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров» муовини раиси ноҳия Турсунзода Дилором бо маърӯзаи муфассал баромад намуд. Зикр карда шуд, ки ҷиҳати иҷроиши нақшаи чорабиниҳои қарори Раиси вилояти Суғд аз 17 феврали соли 2017, №66 “Оид ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №455 “Дар бораи Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” қарори Раиси ноҳия аз 11 апрели соли 2017, №233 ба тавсиб расонида шуда, ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба солимгардонӣ, тавонбахшӣ, ва ҳифзи иҷтимоии шахсони дорои имконоти маҳдуди ҷисмонӣ тасдиқ карда шудааст.

Тибқи маълумоти Раёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳия дар ноҳия 7032 нафар нафақагирони маъюб ба қайд гирифта шудааст, аз ҷумла: маъюби гуруҳи 1 -717 нафар, маъюби гуруҳи 2 -3890 нафар, маъюби гуруҳи 3 -1298 нафар ва маъюбон аз овони кӯдакӣ -1127 нафарро ташкил дода, маблағи моҳонаи онҳо 2066838,82 (ду миллиону шасту шаш ҳазору ҳаштсаду сию ҳашт сомони)-ро ташкил медиҳад, ки пардохти он саривақт амалӣ гардида истодааст. Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 36 нафар эҳтиёҷмандон бо аробачаҳои маъюбӣ таъмин карда шуда, 14 нафар эҳтиёҷмандон барои гирифтани аробачаҳои маъюбӣ ба навбат гирифта шуда, корбарӣ ҷиҳати таъмин гардидани онҳо бо аробачаҳои маъюбӣ идома дорад.

Дар музокираронӣ оид ба масъалаи мазкур  сардухтури шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия Қосимова Малика суханронӣ намуда, вазифаи асосии сохтори Шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитариро дар самти солимгардонӣ ва пешгирии бемориҳо аз бартараф намудани монеаҳо ва беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббию санитарӣ барои маъюбон арзёбӣ намуд. Инчунин зикр карда шуд, ки маъмурияти Шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия барои солимгардонӣ ва пешгирии маъюбӣ гуруҳи кории махсус таъсис дода, шахсони масъул маъюбонро таҳти назорати доимӣ қарор додаанд.  Дар давоми соли 2019 ба теъдоди 150 нафар маъюбон ба муолиҷаи статсионарӣ, 32 нафар ба осоишгоҳҳо, 106 нафар ба беморхонаҳои физиотерапевтӣ ва 158 нафар ба муолиҷаи дармонгоҳӣ фаро гирифта шуданд.  Инчунин муайян карда шуд, ки 163 нафар маъюбон аз никоҳи хешу таборӣ мебошанд.

Аз рӯи масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии “Дадобой Холматов №36” Қаландарова Махсуда дар назди иштирокдорон оид ба иҷрои ваколати вакилии худ ҳисобот пешниҳод намуд.

Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои дар иҷлосия баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дар охир муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ суханронӣ намуда, оид ба масъалаҳои баррасигардидаи иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ибрози ақида намуда, дар доираи дастуру тавсияҳои Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ ҷамъбаст намудани сол ва вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокдорони маҷлис барори кору бурдбориҳо таманно намуд.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори иҷлосияи Маҷлиси вакилони хлқи ноҳия пӯшида эълон карда шуд.

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз5
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта842
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта2189
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта3797
mod_vvisit_counterҲамин моҳ7093
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта15535
mod_vvisit_counterҲамагӣ183643