Бо иқдоми раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ барои бо ғамхории доимӣ фаро гирифтани кӯдакону наврасони пурраятим ба 45 нафар кӯдакону наврасони ноҳия сарпарастони доимӣ таъин карда шуданд.

Бахшида ба 25-умин солгарди Конутитутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Камолов О. санаи 26 октябри соли 2019 дар қаҳвахонаи «Сомониён» барои қудакону наврасони пурраятим чорабинии хотирмон ташкил карда шуд.

Дар чорабинӣ раиси ноҳия суханронӣ намуда, зикр дошт, ки бо мақсади татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давлати мо ба ҳифзи кӯдакон, тарбия ва фароҳам овардани шароитҳои хуби таҳсилу истироҳати онҳо мунтазам чораҳои зарурӣ  андешида  мешавад. Чуноне, ки дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, “Мо дар оянда низ ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморем.”

Аз рӯи ин дастури Сарвари давлат амал намуда, ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо корҳои ободониву созандагӣ вусъат дода шуда, барои фароҳам овардани шароити хубу зиндагии осоиштаи кӯдакону наврасон дар ноҳия корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда истодааст. Зеро ғамхорӣ ба насли наврас ин ғамхорӣ ба ояндаи Ватанамон мебошад.

Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода низ ба ғамхории ҳаматарафа фаро гирифтани кӯдакону наврасони ятиму бепарастор мунтазам тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамоянд.

Бо ин назардошт минбаъд ҳаёту фаъолият ва таълиму тадриси кӯдакони ниёзманду ятим таҳти назорати доимии шахсони масъул қарор дода мешавад.

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз27
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта842
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта2211
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта3797
mod_vvisit_counterҲамин моҳ7115
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта15535
mod_vvisit_counterҲамагӣ183665