Музокироти Тоҷикистону Қирғизистон оғоз шуд

Дар пасманзари ноором шудани вазъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон барои ба эътидол овардани вазъ дар дидбонгоҳи гумрукии "Равод" гуруҳҳои корӣ вориди гуфтушунид шуданд.
Ҷониби Тоҷикистонро Раиси КДАМ ҶТ генерал-полковник Саймуъмин Ятимов ва ҷониби Қирғизистонро Қамчинбек Ташиев раиси КДАМ-и ин кишвар роҳбарӣ намуданд. Дар мулоқот ҳамзамон Вазирони корҳои дохилии ду кишвар,
раисони вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Қирғизистон ширкат варзиданд.
Зимни гуфтушунид ҷонибҳо аз зарурати эълони оташбас изҳори назар намуданд.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.