ВАТАН ДОРЕМУ ОНРО ПОСБОНӢ МЕКУНЕМ!

Дар Ҷамоати деҳоти ғозиён нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ иҷро гардид. Ҳар сол дар кишварамон ду маротиба: даъвати баҳорона ва тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Боиси хушнудист, ки сафи  хизматкунандагон дар Артиши миллӣ сол аз сол зиёд мешавад. Аз ин xост, ки дар бештари ҷамоатҳо нақшаи даъват бармаҳал иҷро шуда истодааст.

-Дар маъракаи даъвати баҳорона бештар аз 30 нафар ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел кардем, -мегӯяд иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Ғозиён Гулчеҳра Холматова.

Яке аз роҳҳои бармаҳал иҷро намудани нақшаи даъват бештар ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва вохӯриҳо, мулоқотҳо бо собиқ сарбозону афсарон мебошад. Ният дорем, ба ин ҷиҳати масъала эътибори ҷиддӣ дода, ба даъвати тирамоҳӣ аз ҳоло омодагӣ бинем, -афзуд Гулчеҳра Холматова.

Абдулҳамид ҶЎраев.

махсус барои "Хуҷанд"

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.