МУБОРАКБОДИИ РАИСИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ САЛИМЗОДА НУСРАТУЛЛО ФАЙЗУЛЛО БА МУНОСИБАТИ РЎЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

27 июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст. Зеро бо ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мардуми соҳибтамаддуни тоҷик тавонист манфиатҳои миллат ва Ватанро аз ҳама боло дониста, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони худ ва пароканда гардидани миллатро бартараф созад ва бунёди Ватани ободу зебои биҳиштосои имрўзаро дилпурона оғоз намояд. Бинобар ин, ин рўз барои халқу миллати мо азизу муқаддас аст.

Тантанаҳои таҷлили 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар марҳилае доир гашта истодааст, ки мардуми некбахти кишварамон дар фазои сулҳу субот ва рӯзгори осуда бо меҳнати созандаю бунёдкорона машғуланд ва бо ҳидояти шоёни Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор гузошта истодаанд. Ваҳдати миллӣ, ки онро мардуми шарифи Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллати худ бунёд намудааст, сарчашмаи ҳамаи рушду комёбиҳои халқу миллатҳои Ватани мост.

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иrтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиқлоли давлатии мо сол аз сол қавитар мегарданд. Амнияту оромӣ, ки маҳсули сулҳу ризоияти миллӣ мебошанд, имкониятҳои осудагии кишвари ҷаннатсифати моро бештар фароҳам овардаанд.

Қобили зикр аст, ки сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ пеш  аз  ҳама    натиҷаи  сиёсати  роҳбарияти  давлатро дастгирӣ намудани тамоми халқи Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Роҳи сулҳ барои мо роҳи наҷоти миллат ва давлати соҳибистиқлоли тоқикон буд.

Иди фархундаи 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ пайғоми саодати ҷовидонаи миллати мо барои садсолаҳо ва наслҳои оянда буда, таъкид кардан ба маврид аст, ки барои расидан ба чунин айёми осоишта мо рӯзҳои сахт ва мусибатҳои талхро аз сар гузаронидем. Ва бо сабру таҳаммул, шукру сипос, меҳнати софдилонаву меҳру муҳаббат ба чунин рӯзҳои нек расидаем. Имрӯз тарғибу ташвиқи ғояҳои сулҳу амният, осудагӣ ватандӯстию ватанпарастӣ, худогоҳию худшиносӣ, ҳисси ифтихори миллӣ ва омӯхтани таъриху фарҳанги миллат вазифаи ҷонии ҳар фарди ҷомеа аст. Мо, пайваста аз ҳамхорӣ ва таваҷҷӯҳи доимии давлату Ҳукумати Тоҷикистон баҳраманд гардида, дар таҳкими сулҳу ваҳдати халқҳои Тоҷикистон ва шукуфоии он бояд ҷидду ҷаҳд намоем. Мардуми ноҳияро ба муносибати таҷлили 26-солагии иди Ваҳдат ва саодати миллат шодбош гуфта, барояшон хушбахтиву сиҳатмандӣ, хонаободӣ, осмони софу беғуборро таманно менамоям. Ид муборак, ҳамватанони азиз!

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.