МАҶЛИСИ ФАЪОЛОН: Натиҷагирӣ, дастовард, ҳадафҳои навбатӣ

   «Оид ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нимсолаи аввали 2023» маҷлиси фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нусратулло Салимзода ва бо иштироки Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод, Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ва мудирони шуъбаву бахшҳо, кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва масъулони самтҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия баргузор гардид.

   Нахуст Раиси ноҳия Нусратулло Салимзода, ҷаласаро оғоз бахшида, афзуд, ки дар рӯзномаи маҷлис як масъала «Ҷамъбасти нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2023» мавриди баррасӣ қарор мегирад. Сипас, Абдуллозода Фирдавс Тоҷӣ, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров «Оид ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар дар нимсолаи аввали соли 2023» ҳисобот дод. Зимни гузориши муфассал мавсуф зикр сохт, ки дар нимсолаи аввали соли 2023, чун солҳои қаблӣ меҳнаткашони ноҳия дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифагузориҳои Раиси вилояти Суғд мўҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани  ҷашни бузург - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои ҳаётан муҳими иҷтимоию иқтисодӣ фаъолияти софдилона ба харҷ доданд.

Бо ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон    ташаббусҳои созандагиву ободонӣ дар ҳудуди ноҳия вусъати тоза гирифта, аз ҷумла, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, бунёди боғу токзорҳои нав ва  сохтмони иншоотҳои тандурустию варзишӣ, мактабу кўдакистонҳои нав ва дар маҷмўъ ташкили ҷойҳои нави корӣ сокинони ноҳияро боз ҳам рўҳбаланд намуд. 

Дар ин давра фаъолияти тамоми сохторҳои марбутаи ноҳия ба иҷрои амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарору протоколҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят равона гардид.

 Дар ин раванд, бо назардошти омилҳои таъсиркунанда диққати асосӣ ба таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва дастгирии табақаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд дода шуданд.

 Андешидани чораҳои зарурӣ ба афзоиши мунтазами ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаҳои воқеии иқтисодиёти ноҳия, яъне саноату кишоварзӣ замина гузошта, минбаъд он барои ташаккули буҷети давлатӣ мусоидат намуд. 

Қисми даромади буҷети давлатӣ дар дар нимсолаи аввали соли 2023 104,8 ба ҷойи 193,8 миллион сомонӣ, 203,1 милион сомонӣ ворид шуд. Ҳамзамон буҷети маҳаллӣ, дар ин давр 101,6 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи нақшаи пешбинишудаи 125,3 миллион сомонӣ, 127,3 миллион сомонӣ ворид гардид.        

       Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия аз ҷониби масъулин  ба рушди минбаъдаи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, ҷалби сармояҳои дохиливу хориҷӣ ва муҳайё намудани шароити мусоид ба рушди соҳибкорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

  Дар ин давра кишоварзони ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ, ба миқдори 1,1 милиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 118,4 фоизро ташкил медиҳад.

Дар идома масъалаҳои соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, нақлиёт, шабакаҳои таъминоти барқ, идораи беҳдошти замин ва обёрӣ,  маорифу тандурустӣ, занон, ҷавонон, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, фаъолияти Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия, вазъи ҷиноятсодиркунии ноболиғон ва дигар ҳолатҳои содиршавии ҷиноятҳо, инчунин масъалаҳои дигар сохтору бахшҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Раиси ноҳия Нусратулло Салимзода, зимни таҳлили натиҷаҳои соҳаҳо ба камбудиву норасоӣ таваҷҷуҳ намуда, масъулинро ҷиҳати ҳалли саривақтии он вазифадор намуд. Ҳамзамон муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар бо таҳлилҳои мушаххас, аз масъулони соҳаҳо ва раисони ҷамоатҳо оид ба камбудиҳои ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, гуфт, ки натиҷаҳо қонеъкунандаанд, аммо ноҳия имкониятҳои аз ин ҳам зиёдро соҳиб аст, ки онро бояд самаранок истифода намуд. Омилҳои аз фаъолият боз мондани корхонаҳои саноатӣ ҷиддӣ омӯхта шавад, фаъолияти марказҳои ҳунармандӣ тақвият бахшида шаванд, таъминоти хатти оби нӯшокӣ дар ҷамоатҳо пурра ҷорӣ шаванд, ҳолати истифодаи сарфакоронаи барқ дар маҳаллаҳои аҳолинишин ва биноҳои баландошёна ба назорат гирифта шаванд, пардохти маблағи истифодаи нерӯи барқ дар аҳолӣ ва корхонаву ташкилотҳо пурра ба иҷро расонида шаванд, фаъолияти сардхонаҳо, бунёди боғу токзор эътибори ҷиддӣ мехоҳад ва ҳамчунин мавсуф масъалаҳои дигарро низ зимни баромад таҳлил намуд.

Дар идома Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод, Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари умумии баргузории ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров суханронӣ намуда, аз имкониятҳои мавҷуда барои боз ҳам рушд намудани ноҳия ибрози андеша намуд.

Маҷлиси фаъолон бо вазифагузориҳо, ҷиҳати вусъат бахшидани соҳаҳо анҷом пазируфт.  

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  

 

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.